«Амонатбонк» пардохти нафақаро дар 44 шаҳру ноҳия тавассути кортҳои бонкӣ ба роҳ мондааст
Душанбе, 19.01.2016. (АМИТ “Ховар”).- Бо мақсади ворид намудани технологияҳои иттилоотии муосир ба ҷараёни пардохти нафақа ва кумакпулиҳои ба он баробар ва боз ҳам шаффофтар гардидани фаъолият дар ин самт Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз дар ҳамкорӣ бо Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» пардохти нафақаи 460 ҳазору 613 нафарро дар 44 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ бо талаботи моҳонаи 96,6 млн. сомонӣ тавассути кортҳои бонкӣ ба роҳ мондааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан теъдоди нафақагирон 152 ҳазору 144 нафар ва талаботи моҳона 21,9 млн. сомонӣ зиёд гардидааст.
Дар маҷмӯъ теъдоди умумии нафақагироне, ки то имрӯз пардохти нафақаашон аз тариқи кортҳои бонкӣ ба роҳ монда шудааст, 73,6 фоизи теъдоди умумии нафақагиронро ташкил дода, нисбат ба соли гузашта 13,6 фоиз афзоиш ёфтааст.








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






