Ҳамовозии сокинони шаҳри Қайроққум ба Паёми Пешвои миллат
Хуҷанд, 21.01.2015. (АМИТ “Ховар”).-20 январи соли ҷорӣ сокинон ва кормандони шаҳри барқчиёни шимоли кишвар — Қайроққум низ ироаи Паёми навини Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фарогири дурнамои сиёсати дохилию хориҷии кишвар барои соли 2016 бо ҳадафи беҳсозии ҳаёт ва вазифаҳо барои боз ҳам густариш додани соҳоти гуногун муайян намудааст тавассути оинаи нилгун дастаҷамъона тамошо намуданд.
Пас аз анҷоми ироаи Паём чанд нафар аз иштирокдорон оид ба бардошт аз паёми имсола ба хабарнигори АМИТ “Ховар” ақидаҳои худро чунин баён доштанд:
— Директори генералии ҶМ ТКММ «Апрелевка» Бахтиёр Маҷидов: — Аз нигоҳи ҳуқуқӣ Паём ҳуҷҷати муҳими бунёдӣ ва барномавие мебошад, ки дар он дурнамои инкишофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти давлатӣ барои давраи кӯтоҳмуҳлат ва миёнамуҳлат пешниҳод мегардад. Ҳамзамон дар он комёбиҳо ва норасоиву камбудиҳои мушаххаси соҳаҳои алоҳидаи хоҷагии халқи мамлакат натиҷагирӣ ва вазифаҳо барои оянда мушаххас мешаванд. Дар ин замина Паёми имсола мо, саноатчиёнро ба ҷорӣ намудани усулҳои наву самарабахш дар соҳаҳои фаъолияти худ ҳидоят месозад, зеро таконбахшандаи иқтисодиёти кишвар соҳаи саноат аст.
— Раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ Каромат Қосимова — Паёми Сарвари давлат- ин роҳнамо барои рушди имрӯзу фардои кишвар аст. Дар Паёми имсола тамоми масоили кишрҳои ҷомеа, аз ҷумла масъалаҳои шуғли аҳолӣ, талаботи имрӯзаи бозори меҳнати дохилию хориҷӣ, омода намудани мутахассисони соҳибтаҷриба, банақшагирии тарбияи кадрҳо дар ҳамаи зинаҳои таҳсилоти касбӣ ва дурнамои рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ дар бар гирифта шудааст. Бахусус нуктаи муҳиме, ки дар Паёми Президенти кишвар омадааст, ин аз моҳи июл марҳилаи навбатии баланд бардоштани музди маош буда, ҳамчунин таваҷҷуҳи хосса зоҳир намудан ба ятимон, маъюбон, пиронсолони бесаробон ва дастгирии иҷтимоии онҳо мебошад.
Таҳияи Абдуаҳад Шарифзода.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






