АНМН: Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ дар ноҳияи Ёвон

Январь 18, 2016 17:18

Душанбе, 18.01.2016. (АМИТ «Ховар»).- Бо мақсади баррасии ҳолатҳои содир намудани ҷиноятҳои вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар аз тарафи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави кишварҳои дигар ва пешгирии нашъамандӣ 16 январи соли равон дар бинои ҳукумати ноҳияи Ёвон бо ташаббуси Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи сайёри Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯйистеъмоли маводи нашъадор дар вилояти Хатлон баргузор гардид. Дар ҷаласа намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи кор бо занон ва оила, ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси вилояти Хатлон, муовинони раисони якчанд шаҳру ноҳияи вилоят ва раисони ҷамоатҳои ноҳияи Ёвон ширкат варзиданд.
Дар ҷаласа зикр гардид, ки сарфи назар аз натиҷаҳои бадастомада дар соҳаи муқовимат ба сӯйистеъмоли маводи нашъаовар ва ҷиноятҳои вобаста ба онҳо, мушкилоти ҷалби қисми муайяни аҳолӣ ба муҳити нашъамандон ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор дар Тоҷикистон масъалаи доғи рӯз мебошад. Ин аст, ки дуруст ба роҳ намондани фаъолияти сохторҳои дахлдори вазорату идораҳо, махсусан дар маҳалҳо ба баландравии сатҳи ҷинояткорӣ, аз ҷумла ҷиноятҳои марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва зиёд гардидани сатҳи нашъамандӣ дар минтақаҳо оварда мерасонад.
Муовини якуми директори агентӣ Самад Зафар гуфт, ки муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ва сӯйистеъмоли он барои тамоми ҷомеа мушкилоти ҷиддиро ба бор овард, ки зарурати қабули амалҳои ҷиддӣ оид ба пешгирии нашъамандӣ ва мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонуниии маводи нашъаовар пеш омад.
Фаъолият дар самти пешгирии сӯйистеъмоли маводи нашъадор дар ноҳияи Ёвон нишон медиҳад, ки новобаста аз он, ки чорабиниҳои зиёди зиддинашъамандӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ ба анҷом расонида мешаванд, вале дар маҷмӯъ вазъи нашъамандӣ ва нашъаҷаллобӣ то ҳол нигаронкунанда аст.
Ин аст, ки мутобиқи омори мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Русия, дар соли 2015 дар қаламрави ин кишвар барои даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар 50 сокини ноҳияи Ёвони вилояти Хатлони Тоҷикистон дастгир шудаанд. Дар соли 2014 107 сокини ноҳияи Ёвон барои интиқоли маводи нашъаовар дастгир шуданд, ки ин нишондод дар муқоиса бо дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ҳама баланд мебошад.
Аз 50 сокини дастгиршудаи ноҳия 45 нафар ҷавони аз 20 то 35-сола мебошанд. Ташвишовараш он аст, ки дар байни дастгиршудагон 3 нафар зан — сокинони ноҳияи Ёвон дастгир гардиданд.
Дар ҷаласа сабабҳо ва омилҳои даст задан ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар кишварҳои хориҷӣ мавриди таҳлил қарор гирифт. Зикр гардид, ки яке аз омилҳои асосӣ — ин сатҳи пасти дониши ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ, хоҳиши даромади муфт ёфтан мебошад.
Аз тарафи масъулин пешниҳод гардид, ки корҳои пешгирикунанда дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар масъалаи ҷалб намудан ба нашъамандӣ коҳидаанд, ташкил шаванд.
Дар хотимаи ҷаласа қарор қабул гардид, ки аз тарафи Шӯрои ҳамоҳангсозии вилояти Хатлон барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта тадбирҳои бетаъхир андешида шаванд.
Раёсати агентӣ дар вилояти Хатлон вазифадор гардид, ки аз ҳисоби сохторҳои дахлдори вилоятӣ гурӯҳи корӣ таъсис дода, барои пешгирии нашъаҷаллобӣ ва нашъамандӣ дар ҳамаи ҷамоати деҳот, шаҳрак деҳаҳо, маҳаллаҳо, ташкилоту идораҳо, муассисаҳои тандурустӣ, мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ, касбӣ ва олӣ пайваста чорабиниҳои пешгирикунандаи зиддимухаддиротӣ баргузор намоянд.
Сохторҳои дахлдори мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон бо мақсади дуруст ба роҳ мондани фаъолият дар самти мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва пешгирии нашъамандӣ нақшаҳои корӣ бояд таҳия ва барои босифат иҷро гардидани онҳо тадбирҳои мушаххас андешанд.
Ба аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозии вилояти Хатлон ва ноҳияи Ёвон супориш дода шуд, ки барои пурзӯр кардани фаъолияти зерсохторҳои минтақавӣ дар самти пешгирии нашъамандӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Январь 18, 2016 17:18

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2024 забҳи 586 сар чорвои мубталои бемории буғумдард пешгирӣ карда шуд
Ҷашни Сада дар шаҳри Ҳисор бо намоиши дастовардҳои кишоварзон пуршукуҳ таҷлил гардид
Кишоварзони фаъоли ноҳияи Зафаробод дар иди Сада кадрдонӣ гардиданд
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон бо мақсади ба ҳаёти мустақилона омода намудани духтарон ҳамоиши тарғиботӣ доир шуд
Дар Суғд ҷашни Садаро бо иштироки меҳмонон аз давлатҳои ҳамсоя таҷлил намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳамоиши тарғиботӣ доир мегардад
Дар шаҳри Хоруғ ҷашни Сада бо русуми аҷдодӣ таҷлил гардид
3 феврал дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, Агентии назорати маводи нашъаовар, Агентии «Тоҷикстандарт» ва корхонаи «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Имрӯз дар Вазорати маориф ва илм, Кумитаи рушди маҳал, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ва Маркази миллии қонунгузорӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Байни Институти илмӣ-тадқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ва Иттифоқи дӯстии Роҳи абрешим дар Тоҷикистон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид