Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатии ҳамсари худ

Январь 13, 2016 15:26

Душанбе, 13.01.2016. (АМИТ “Ховар”). — Ба ШВКД дар ноҳияи Шоҳмансур зани 27-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки 26 декабри соли 2015, тахминан соати 17:30 дар хонааш аз сабаби муноқишаи ба миён омада, шавҳараш, марди 30-сола, бо ӯ ҷанҷол карда, сипас ӯро лату кӯб намудааст. Дар натиҷа ҷавонзан ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.
Нисбат ба далели мазкур павандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш давом дорад.

Январь 13, 2016 15:26

Хабарҳои дигари ин бахш