Азим Иброҳим: Мушкилоти Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ таҷдиди назарро тақозо дорад

Январь 11, 2016 17:56

Душанбе, 11.01.2016 (АМИТ «Ховар»).- 9 январи соли 2016 дар Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини сарвазир Азим Иброҳим оид ба беҳтаргардонии вазъи молиявию иқтисодии агентӣ ва дарёфти роҳҳои пардохт намудани қарзи он дар назди ШСХК «Барқи Тоҷик», ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Тавре ки таъкид шуд, дар соли равон тавассути пойгоҳҳои обкашӣ 4,2 млрд. м3 об, барои обёрии заминҳои обӣ интиқол дода шуда, маблағи оби интиқолгардида 71,2 миллион сомониро ташкил намуд. Аз он танҳо 42,3 миллион сомонӣ ҷамъоварӣ шудааст. Арзиши барқи истифодагардида дар пойгоҳҳои обкашӣ баробар ба 28,2 млн. сомонӣ буда, ҳаҷми пардохтшудаи маблағи он ҳамагӣ 3,0 млн сомонӣ ё ин ки 11%-ро ташкил мекунад.
Аз 536,2 ҳазор га замини обёришаванда дар соли 2015, 280 ҳазор га замин тавассути пойгоҳҳои обкашӣ обёрӣ гардид. Таъмини об ба хоҷагиҳои кишоварзӣ дар асоси шартнома бо 5988 хоҷагии деҳқонӣ аз ҷониби 409 Ассостиатсияи истифодабарандагони об дар ноҳияву ҷамоатҳо ба роҳ монда шудааст.
Муовини сарвазир таъкид намуд, ки дар давоми ду соли охир қарзи агентӣ дар назди ШСХК «Барқи Тоҷик» ба 49,6 миллион сомонӣ баробар гардидааст. Ин дар ҳолест, ки соли гузашта бо мақсади беҳтар гардонидани вазъи молиявию иқтисодии агентӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоббаробаркунии байни ду субъектро ба маблағи 242,9 миллион сомонӣ иҷозат дода, онро аз эътибор соқит кардааст. Қарзи нави агентӣ дар ҳоле ба вуҷуд омада истодааст, ки арзиши 1кВт неруи барқ барои пойгоҳҳои обкашӣ бо тарофаҳои имтиёзнок ҳисобӣ мешавад. Ин амал танҳо бо мақсади дастгирии кишоварзони ҷумҳурӣ барои таъмин кардани талаботи бозори дохилӣ бо маҳсулоти кишоварзии ватанӣ пеш гирифта шудааст. Вобаста ба ин муовини сарвазир дастур дод, ки агентӣ фаъолиятро дар самти пурра таъмин намудани занҷираи қабул, интиқол, ва ҷамъоварии маблағи об бо назардошти арзиши неруи барқ ба низом дароварда, новобаста аз хусусияти ҷамъиятӣ доштани ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об бо онҳо ҳамкориро тавассути корҳои фаҳмондадиҳӣ дуруст ба рох монад ва дар ҳолати иҷро нагардидани уҳдадориҳояшон агентӣ вазифадор аст, ки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиро низ барои ҳамкорӣ ҷалб намояд.
Ҳамчунин муовини сарвазир таъкид намуд, ки таркиби занҷири арзиши барқу об аз хизматрасониҳои ШСХК «Барқи Тоҷик», Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об иборат буда, мутаносибан пардохти ҳаққи хизматрасониҳо бояд баъд аз ҷамъоварию фурӯши маҳсулот таъмин шавад. Бо сабаби набудани баҳисобгирии дуруст байни Агентии беҳдошти замин ва ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об саҳеҳ муайян кардани ҳаҷми оби интиқолшуда шубҳанок аст, зеро ҳисобҳо имрўз на аз рўи нишондоди таҷҳизоти ҳисоби ҳаҷми об, балки аз рўи меъёри муқарраршуда барои зироат, тахминӣ гирифта мешаванд, ки мутаассифона, дақиқ нест.
Ба андешаи Азим Иброҳим сохторҳои хизматрасон маълумоти дурустро оид ба ҳаҷми ҳосили рӯёндашуда ва фурӯши маҳсулот дар бозор надоранд. Пас чӣ тавр онҳо метавонанд ҳаққи пардохти барқу обро таъмин намоянд? Бо назардошти ин, муовини сарвазир дастур дод, ки пеш аз ҳама, ба ҳамин масъалаҳо бояд равшанӣ андохт ва баъдан оид ба ҷамъоварии ҳаққи обу барқ чораандешӣ имконпазир мегардад.
Дар баробари ин аз масъулин талаб карда шуд, ки барои ҳал намудани мушкилоти соҳа силсилавохўриҳои кориро дар минтақаҳо мустақим бо намояндагони ШСХК «Барқи Тоҷик», Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об ва намояндагони макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба роҳ монанд.

Январь 11, 2016 17:56

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Панҷакент коргоҳи истеҳсоли шифер бунёд карда мешавад
Бо ташаббуси Тоҷикистон дар қароргоҳи СММ чорабинии сатҳи баланд доир ба зеҳни сунъӣ баргузор шуд
Дар таъмини бехатарии парвозҳо дар ҳарими ҳавоии Тоҷикистон зан-метеорологҳо нақши муассир доранд
Масоили таҳкими ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика дар Москва баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон: «53 ҳазор нафар занон роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошанд»
Дар шаҳри Абузабӣ мулоқоти вазирони саноати Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб доир шуд
Иқдоми Пешвои миллат дар самти дастгирии давлатии соҳибкорӣ кафили рушди устувори бахши хусусӣ ва ҷалби сармоя мебошад
Ҷопон хостори тақвияти ҳамкории байнибонкӣ бо Тоҷикистон мебошад
Дар ҷаласаи 56-уми Комиссияи омории СММ масъалаи барӯйхатгирии аҳолии Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон дар соли 2026 баррасӣ шуд
Дурнамои тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо Ҳиндустон, Эрон ва Покистон дар соҳаи саноат баррасӣ шуд
Раиси Девони вазирон — Роҳбари Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуд