Бақайдгирии 631 ҳолати фавқулодда дар вилояти Хатлон

Январь 28, 2016 12:01

Душанбе, 28.01.2016. (АМИТ «Ховар») -Соли гузашта Ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон дар ҳудуди вилоят 631 ҳолати фавқулоддаро ба қайд гирифт, ки дар натиҷаи вазидани шамоли сахт, омадани сел, заминларза ва фурӯравии замин ба аҳолӣ ва иқтисоди минтақа беш аз 30 миллион сомонӣ зарар расида, дар натиҷаи ин ҳолатҳо 116 нафар ҳалок гардида, 351 нафар ҷароҳат бардоштаанд, — иттилоъ дод Сулаймон Исоев, сардори ситоди мазкур дар нишасти матбуотӣ ва афзуд, ки дар вилоят 368 минтақаи барои зиндагонӣ хавфовар мавҷуд буда, шумораи аҳолие, ки дар ин мавзеъҳо ба сар мебаранд, ба 396 ҳазору 170 нафар мерасанд.
Дар нишасти матбуотӣ масъулини ситоди мазкур ҳамчунин хабар доданд, ки дар соли 2015 дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ ва бемасъулиятии падару модарон 31 шаҳрванд дар кӯлу дарёҳои қаламрави вилоят ғарқ шудаанд.

Январь 28, 2016 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Соҳибкори маҳаллӣ дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон бунгоҳи тиббӣ бунёд кард
Дар Бадахшон шумораи марказҳои рушди барвақтии кӯдакон меафзояд
Дар Фестивал-озмуни телевизионии «Бӯстон-2017» дар Тоҷикобод фарҳанги миллии либоспӯшӣ намоиш дода шуд
Ноҳияи Ш. Шоҳин: убури ғайриқонунии сарҳад пешгирӣ мешавад
Ярмаркаи либоси мактабӣ ва тақдими либоси ройгон ба хонандагони ятим
Шариф Назарзода: «Маданияти шаҳрдорӣ» дар Суғд ба камшавии шумораи ҷиноятҳо мусоидат намуд
Сангвор: ба 203 нафар сокинон барои рушди соҳибкорӣ қарзҳои имтиёзноку дарозмуддат дода шудаанд
Хатлон: истеҳсоли маҳсулот дар ҳачми 2,6 млрд. сомонӣ
Қабули қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Бӯстон натиҷагирӣ карда шуд
Дуздии 2 ҳазор доллари амрикоӣ аз ҷониби ноболиғони 17- сола
«Фардои Ватан ва ояндаи миллатро бо дасти худ бисозем»-бардошт аз мулоқоти раиси вилояти Хатлон бо ҷавонон
Семинари омӯзишӣ оид ба «Таъмини дастрасии биноҳо ва иншоот барои шахсони имконияташон маҳдуд»