Баҳманёр барандаи ҷоизаи Кумитаи ҷавонон дар соҳаи адабиёт гардид
Душанбе, 21.01.2016. (АМИТ «Ховар»).-Баҳманёр Муродӣ, нависандаи ҷавони тоҷик ва узви садорати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон барои қиссаи “Қадаме ба биҳишт” дар соли 2015 сазовори ҷоизаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар соҳаи адабиёт гардид.
Қиссаи “Қадаме ба биҳишт” аз ҷониби Шӯрои насри Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба ин ҷоиза пешбарӣ гардида буд.
Баҳманёр Муродӣ ҳоло ҷавонтарин узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва нахустин маҷмӯаи ҳикояҳояш соли 2005 дар машварати адибони ҷавони кишвар аз ҷониби устодони насри муосир баҳои сазовор гирифта буд.
Бояд зикр кард, ки то имрӯз ду маҷмӯаи ҳикояҳои Баҳманёр дастраси хонандагон гардида, се қиссааш дар маҷаллаи “Садои Шарқ” интишор ёфтааст.
Баҳманёр Муродӣ мактаби миёнаро бо шаҳодатноми аъло ва соли 2014 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо дипломи сурх хатм намудааст.
Ӯ қаблан дар соли 2008 барои қиссаи “Фасх” Ҷоизаи “Падида”-и Иттифоқи нависандагонро соҳиб гардид.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






