Баргузории мизи гирд дар мавзӯи «Нақши фарҳанг дар таҳкими ҳувияти миллӣ»

Январь 25, 2016 17:47

Душанбе, 25.01.2016 (АМИТ «Ховар»).- 26- уми январи соли равон, соати 10:00 дар ошёнаи дуюми Пажӯҳишгоҳи илмӣ- тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот суҳбати мизи гирд дар мавзӯи «Нақши фарҳанг дар таҳкими ҳувияти миллӣ» (дар ҳошияи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ) баргузор мегардад.
Дар назар аст, ки директори ПИТФИ, номзади илмҳои педагогӣ Шариф Комилзода дар мизи гирд сухан гуфта, доктори илмҳои филологӣ, профессор Мурод Муродов дар мавзӯи «Зарурат ва аҳамияти омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва истифодаи технологияи иттилоотӣ- коммуникатсионӣ дар шароити муосир», номзади илмҳои филологӣ, дотсентАбдумумин Қутбиддинов дар мавзӯи «Ташаккули ҷаҳонбинии фарҳангӣ- омили рушди худшиносии миллӣ» ва ҳамчунин адиб ва мунаққид Ҳасани Муҳаммадӣ доир ба «Арзишҳои миллӣ ва нақши онҳо дар тарбияи насли наврас» маърӯза намоянд.

Январь 25, 2016 17:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад