Баргузории зиёда аз 30 ҳазор маъракаи гуногун дар Хуҷанд
Хуҷанд,28.01.2016 (АМИТ «Ховар»).- Дар соли 2015 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 36 ҳазору 612 тӯю маъракаҳои гуногун баргузор шудааст.
Сӯҳроб Рустамов, сармутахассиси Шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мегӯяд, аз шумораи умумии маъракаҳо 8239 адади он хатнасур, 19 ҳазору 563 тӯйи домодию арӯсӣ, 5247 адади он маросими чил ва 3563 адади дигар маъракаи сол мебошанд.
Дар ин сол ҳамзамон дар арафаи ҷашнҳои гуногун ва ҳангоми сафарҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд хатнасури хайриявии 1085 писар аз оилаҳои эҳтиёҷманду камбизоат ва тӯйи домодию арӯсии 25 ҷуфт навхонадор баргузор шудааст.