Баррасии беш аз 400 парванда дар Суди Олии иқтисодии кишвар
Душанбе, 21.01.2016.(АМИТ «Ховар»).-«Беш аз 400 парванда дар зарфи соли сипаригардидаи 2015 аз ҷониби Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардидааст», гуфт Абдуҷаббор Қодирзода-муовини аввали раиси Суди Олии иқтисодии кишвар имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон.
Мавсуф афзуд, ки аз 424 парванда 169 парванда дар марҳилаи якум, 244 парванда дар коллегияи судии Суди Олии иқтисодӣ, 7 парванда дар коллегияи судии Суди Олии иқтисодӣ дар марҳилаи назоратӣ ва 4 парванда дар Раёсати Суди Олии иқтисодии кишвар баррасӣ шудаанд.
Зикр гардид, ки маблағҳои рӯёнидашуда аз парвандаҳои баррасигардида беш аз 137 миллион сомонӣ ва зиёда аз 1 миллион доллар қонеъ гардонида шуда, дар маҷмӯъ беш аз 149 миллион сомониро ташкил медиҳанд. Аз маблағи умумии дар асоси ҳалномаи суд рӯёнидашуда дар соли 2015 беш аз 37 миллион сомонӣ ба фоидаи мақомоти давлатӣ равона шудааст, ки ин нишондиҳанда дар соли 2014 беш аз 12 миллион сомониро ташкил дода буд. Ҳамзамон дар соли 2015 боҷи давлатӣ аз рӯи аризаҳои даъвогӣ , шикоятҳои кассатсионӣ ва назоратӣ ба фоидаи давлат 2 миллиону 768 ҳазор сомонӣ пардохт гардидааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






