Баррасии худкушӣ ва сӯйиқасд ба ҷони худ дар ҷаласаи прокуратураи Хатлон
Душанбе, 8.12.2015. (АМИТ «Ховар»).- Масъалаи худкушӣ ва сӯйиқасд ба ҷони худ, маҳрум сохтан аз озодӣ, гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ аз мавзӯъҳои меҳварии прокурори вилояти Хатлон Насрулло Маҳмудов дар ҷаласаи кории Прокуратураи вилоят буд. Тибқи иттилои Н. Маҳмудов соли 2015 дар қаламрави вилоят 196 шаҳрванд кӯшиши сӯйиқасд ба ҷони худ карда, ки дар натиҷа 133 нафарашон ҳалок шудаанд.
Дар ҷаласа муовини прокурори генералӣ Валӣ Ваҳҳобов бобати натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти прокуратура дар соли 2015 ва муайян кардани вазифаҳои минбаъда барои таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ сухан кард.
Дар маърӯзаи прокурори вилояти Хатлон Насрулло Маҳмудов атрофи бурду бохти соҳа дар соли гузашта таъкид гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ 38 корманди ин мақомот ба вазифаҳои баланд гузаронида шуда, 9 нафар бинобар саҳлангорӣ дар иҷрои вазифаҳои хизматиашон ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шудаанд.
Ҳамчунин нисбат ба масъулини бонкҳо 15 ва дар робита ба муомилоти ғайриқонунии асъори хориҷӣ 12 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Дар соҳаи андоз 124 санҷиш гузаронида шуда, вобаста ба ҳолатҳои ошкоршуда 828 санади эътиноӣ баромадааст ва ҳамзамон дар ин самт 15 парвандаи ҷиноятӣ боз гардидааст.
Прокурори вилоят иброз намуд, ки новобаста аз он ки 60 дарсади кормандони прокуратураҳои вилоят иҷоранишинанд ва ба хонаҳои хизматӣ ниёз доранд, дар соли 2015 назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро дар қаламрави вилоят ба роҳ монда, дар самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомот корҳои муайянеро ба сомон расониданд, — таъкид намуд прокурори вилоят Н. Маҳмудов. — Дар робита ба назорати риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон» камбудиҳо ошкор шуда, нисбати 49 нафар масъулон ҷавобгарии интизомӣ татбиқ гардидааст.
Дар охири ҷаласа таъкид кард, ки дар баробари бурдбориҳо, инчунин камбудиҳо низ ҷой доранд, аммо кормандони прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон саъй менамоянд, ки ҳарчи зудтар камбудиҳоро ислоҳ намуда, минбаъд низ барои пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ ва дигар кирдорҳои ношоиставу зиддиҳуқуқӣ мубориза баранд, то волоияти қонун таъмин ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бечунучаро риоя гарданд.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






