«Бо амри подшоҳи Арабистони Саудӣ дари Каъбатуллоҳ ба рӯи Эмомалӣ Раҳмон боз шуд», «Бозгашт ба асли хеш», «Таъсири равандҳои муосир ба шуур ва амнияти ҷамъиятӣ», «Бо подшоҳон низ метавон маслиҳат кард, агар сазовор ба боварӣ бошӣ» — ин ва дигар мақолаҳои ҳафтаи равон чопшуда

Январь 7, 2016 09:56

Душанбе, 7.01.2016 (АМИТ «Ховар»). – Нашрияи расмии «Ҷумҳурият» дар шумораи рақами 2 аз 5-уми январи соли нав аз сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Мамлакати Арабистони Саудӣ хабари расмӣ ва гузоришҳои муфассал бо аксҳо нашр кардааст. Хабарҳо аз ҳаёти сиёсӣ-иқтисодии мамлакат ва навгониҳои кишварҳои ҷаҳон, ҳамчунин мақолаи таҳлилии «Номгузорӣ. Бозгашт ба асли хеш» ва мусоҳибаи Сайфиддин Назарзода, директори Китобхонаи миллӣ бо сарлавҳаи «Мо дар омодасозии кадрҳо мушкил дорем» дар ҳамин шумораи «Ҷумҳурият» чоп шудаанд. Дар шумораи рӯзи чоршанбеи «Ҷумҳурият» аз 6-уми январи соли равон мусоҳибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигори рӯзномаи «аш-Шарқ ал Авсат» таҳти номи «Мо ниёз ба тақвияти бештари асли таҳаммулгароӣ дорем» пешкаши хонандагон шудааст. Ҳамчунин дар ин шумораи нашрия аз мулоқоти Сарвари давлат бо Дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ Иёд Амин Маданӣ ва мулоқот бо президенти Бонки исломии рушд доктор Аҳмад Муҳаммад Алӣ гузориш пешниҳоди хонандагон гардида, андешаҳои доктори илмҳои фалсафа Абдураҳмон Қурбонов дар ҳошияи мақолаи С. Ятимов «Шуури ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятӣ» бо номи «Таъсири равандҳои муосир ба шуур ва амнияти ҷамъиятӣ» чоп шудааст. Муаллиф навиштааст: «Ҳодисаҳои фоҷеабори солҳои 90-уми Тоҷикистон, инчунин ходисоти 4-уми сентябри соли гузашта дар шаҳри Душанбе маҳсули муносибати ғаразноки доираҳои махсус буда, бо ҳадафҳои геополитикӣ тарҳрезӣ шудаанд ва аз тариқи зери таъсири худ қарор додани  шуури гурӯҳи муайяни сокинони кишвар амалӣ гардидаанд».

Нашрияи парлумонии «Садои мардум» аз 4-уми январи соли нав ҷараёни сафари расмии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Арабистони Саудиро инъикос кардааст. Дар шумораи мазкур аз ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров, ки 4-уми январи соли равон баргузор шудааст, ҳамчунин аз Қарор дар бораи даъвати ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум, ки рӯзи 20-уми январи соли 2016 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, хабарҳо чоп шудаанд. Дар шумораи рақами 3 (аз 7-уми январи соли равон) «Садои мардум» мусоҳибаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо рӯзномаи арабии «аш-Шарқ ал-Авсат» таҳти сарлавҳаи «Номи поки исломро бо зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм олуда кардан иштибоҳи маҳз аст» чоп шудааст. Ҳамчунин дар ин шумора таҳти номи «Бо  амри подшоҳи Арабистони Саудӣ дари Каъбатуллоҳ ба рӯи Эмомалӣ Раҳмон боз шуд» аз сафари Президенти мамлакат ба шаҳри Маккаи мукаррама хабари муфассал нашр шудааст.

«Бо подшоҳон низ метавон маслиҳат кард, агар сазовор ба боварӣ бошӣ»- бо чунин ном нашрияи русзабони «Народная газета» сафари расмии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро муфассал инъикос кардааст. Ҳамчунин дар 8 саҳифаи нашрия мақолаҳои таҳлилӣ, танқидӣ ва ҷолибу иттилоотӣ пешкаши хонандагон шудаанд. Мақолаҳои мазкур тамоми паҳлуҳои ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии ҷомеаро дар бар гирифтаанд.

Минбари эҷодкорони Тоҷикистон «Адабиёт ва санъат» дар саҳифаи назм шеърҳои шоирон Барно Боева ва Аҳлиддин Ҳисорӣ ва дар саҳифаи наср ҳикояи Сироҷиддин Икромӣ «Бахмал», дар саҳифаи тақриз мақолаи Қодири Рустам «Кашшофи асрори маъонӣ»-ро чоп кардааст.

Ҳафтаномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» мақолаи Шаҳло Эшоноваро бо номи «Наврасӣ давраи душвори тарбия» чоп карда, дар хусуси беҳтаринҳои соҳаи варзиш дар соли 2015 гузоришҳоро бо аксҳо омода ва пешкаши хонандагон намудааст.

«СССР» бо сарлавҳаҳои «Файзалӣ маҳбусони Ёвонро куҷо бурд», «Каримов панҷакентӣ аст?» «Хоинон Тоҷикистонро дар Тошканд фурӯхтанд» мақолаҳо нашр карда, андешаҳои инфиродии сармуҳаррирро бо номи «Македония ва Олимп» чоп кардааст.

Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» мисли ҳарвақта мақолаҳои ҷолибро пешкаши мухлисони худ кардааст. «Гурбаи сиёҳ», «Телесуфлёр», «Эрону Арабистон», «Хазинаи Амир Олимхон», «Воқеиятҳои фиребанда» бо муҳтаво, мазмуну мундариҷаи худ мақбули хонандагон хоҳанд шуд.

«Фараж» бо номи «Бишӯй эй хирадманд з-он дӯст даст…»мақолаи Эшони Фахруззамонро чоп кардааст. Муаллиф аз ҷумла навиштааст: «Охунҳои сафавӣ дар ҳар мулку мамлакате, ки шаш ва ё ҳафт фоиз тарафдор ё пайравони худро пайдо кунанд, ҳатман ҷангу низоъ ба роҳ андохта ва онҳоеро, ки ихтилофи назар (сунниҳо) доранд, бо бадтарин ваҷҳ ба қатл мерасонанд, мисли Исмоили Сафавӣ сесад сол қабл дар Эрон ва ҳашди  шаъбӣ ва лашкари Маҳдӣ ва Абулфазли Аббос дар Ироқ ва сипоҳи қудс ва посдорони Эрон дар Ироқ ва Сурия ва Ҳизбуллоҳи Лубнон дар Сурия ва Ироқ ва Баҳрайн ва ҳуссиҳо дар Яман ва собиқ Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Тоҷикистон танҳо ҳадаф як чиз буд: мехостанд Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро монанди ҳизбуллоҳи Лубнон як ҳизби низомии то ба дандон мусаллаҳ созанд.

Ҳафтаномаи «Нигоҳ» мақолаҳои «Эрони дигар. Чаро бояд аз кишвари ҳамзабони худ эҳтиёт бошем?», «Кадргадоӣ дар Исфара», «Шармандагии фурудгоҳ», ҳамчунин дигар матолибро пешкаши хоанадагон кардааст.

Нашрияи «Самак» бо саволи «Аъзои Фронти халқӣ ветеран бошанд ё не?» назарпурсӣ анҷом дода, натиҷаи онро ба хонандагони худ пешкаш кардааст.

Нашрияи ҳизбии «Минбари халқ» аз сафари расмии Президент Эмомалӣ Раҳмон ба Арабистони Саудӣ, зиёрати каъбаи муқаддас хабару гузориш чоп карда, таҳти номи «Мазан лоф аз хурофоту таассуб» ҷавобияи Нозим Нурзодаро ба мақолаи С.Аминиён «Хурофот монеи пешравист» нашр намудааст.

Январь 7, 2016 09:56

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪТИЛРО БОСАМАР ГУЗАРОНЕМ! Таҳти ин шиор Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон озмуни китобхонии фосилавиро эълон намуд
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон 46 машварати сайёри ҳуқуқӣ гузаронид
Пагоҳ дар Агентии хизмати давлатӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Академияи идоракунии давлатӣ ва Саридораи геология нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Вазорати энергетика: «Воридот ва нархи гази моеъ таҳти назорати мақомоти ваколатдори соҳа қарор дорад»
«ФАЙЗИ ИСТИҚЛОЛ». Дар басти сеюми ин лагер 410 кӯдаку наврас ба истироҳат фаро гирифта шуд
Суҳбат дар баландӣ. Сокинони ВМКБ бо топ-менеҷерони ширкати «МегаФон Тоҷикистон» мулоқот намуданд
Дар Кӯлоб вобаста ба саҳми шуроҳои ҷамъиятӣ дар амалишавии ислоҳоти милитсия ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шудааст
Имрӯз дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва МД «Телевизиони Сафина» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Бо иқдоми соҳибкорони ватанӣ заминҳои кишоварзии ноҳияи Деваштич обёрӣ гардиданд
Таътили тобистонаи хонандагон дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол»-и назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бофароғат мегузарад
Пагоҳ дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва МД «Телевизиони Сафина» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад