Бунёди оилаҳои комилу мустаҳкам вазифаи аҳли ҷомеа аст
Душанбе, 12.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — «Оила дар ҳама давру замон муқаддас ва рукни ибтидоиву асосии давлат ҳисобида мешавад. Аз ин рӯ, барпо намудани оилаҳои комилу мустаҳкам вазифаи аҳли ҷомеа ва волидайн мебошад» . Эмомалӣ Раҳмон
Эълон шудани соли 2015 Соли оила барои мустаҳкам нигоҳ доштани оилаҳо, таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва пойдориву сарҷамъии оилаҳо қадами устувор буд.
Баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангӣ — маърифатӣ аз ҷумлаи озмунҳои ҷумҳуриявии «Беҳтарин оилаи ҷавон», «Кадбонуи беҳтарин», фестивали ҷумҳуриявии «Хандаи ҳусн — ҷилваи чакан» аз манфиат холӣ набуда, ин гуна чорабиниҳо барои омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона, ҳифз ва нигоҳдошти беҳтарин анаъана ва суннатҳои миллӣ дар бахши хонаводагӣ ва кадбонугӣ, тарбияи эҳсоси хушиносӣ ва меҳнатдӯстӣ, баланд бардоштани маърифати оиладории занону духтарон, бузургдошти назокат, ободии хонадон ва зебопарастӣ мусоидат мекунанд.
Бино ба андешаи масъулини Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ, ташкил ва доир намудани чунин фестивалу озмунҳо барои муаррифии фарҳанги пурғановату густурдаи тоҷикон, ки аз «Гуфтори нек, пиндори нек, рафтори нек» маншаъ мегирад ва дар олами илму маонӣ, тарзи рӯзгордорӣ, пӯшидани либоси миллӣ бо истеҳсолу эҷоди матоъҳои рангорангу ороишӣ такони ҷиддӣ мебошад.
Ҳадафҳои муҳими чунин чорабиниҳо- ин баланд бардоштани мақому манзалати либоси миллӣ, тақвияту сифати тоза бахшидан ба истеҳсоли анвои гуногуни миллӣ, аз қабили атласу шоҳӣ, густариши санъати чакандӯзию алочабофӣ, гулбадасту адрасбофӣ, тақвиятбахшии паҳлӯҳои нозуки санъати асили тарроҳӣ мавриди баҳрабардории ҳамагон қарор гирифта, эҳё ва арҷгузорӣ ба фарҳангу тамаддуни миллӣ арзёбӣ мешавад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






