«Чигилак»- «Ералаш»-и тоҷикӣ пешкаши тамошобинон мегардад

Январь 15, 2016 14:25

Душанбе, 15.01.2016 (АМИТ «Ховар»).-Муассисаи давлатии «Телевизиони кӯдакон ва наврасон-«Баҳористон» рӯзҳои наздик филми кӯтоҳметраи телевизионӣ таҳти номи «Чигилак»-ро пешниҳоди тамошобинон мегардонад. «Чигилак» ба филми кӯтоҳметраи ҳаҷвии «Ералаш», ки аз саҳнаҳои хурд иборат аст, шабоҳат дорад.
Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотии Кумитаи телевизион ва радио роҳбари Муассисаи давлатии «Телевизиони кӯдакон ва наврасон-«Баҳористон» ба хабарнигорони ВАО хабар дод.
Бино ба гуфтаи роҳбари ин шабака соли 2016 дар ТВ «Баҳористон» идораи дубляж, аниматсинӣ ва филмҳои тасвириро таъсис доданд ва нақша доранд, ки таҳияи филмҳоро барои кӯдакону наврасон ба роҳ монанд.

Январь 15, 2016 14:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ