Чорабинӣ ба хотири оғози таҳсилоти маълумоти дуюм
Душанбе, 7.12.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ ба хотири оғози таҳсилоти маълумоти дуюм баргузор гардид.
Дарсҳои таҳсилоти дуюм аз рӯи ихтисоси идоракунии давлатӣ бо низоми кредитӣ аз курси сеюм дар шакли ғоибона гузаронида мешаванд.
Донишкада моҳи августи соли 2015 соҳиби Иҷозатнома оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ дар соҳаи таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ (магистратура ва маълумоти дуюми олии касбӣ) гардид. Дар асоси он дар донишкада таҳсил дар магистратура аз рӯи ихтисоси «Амнияти иттилоотӣ» ва маълумоти дуюми олии касбӣ аз рӯи ихтисосҳои «Идоракунии давлатӣ» ва «Идоракунии ҳайат» (таҳсил дар шуъбаи ғоибона) ба тариқи буҷавӣ ва шарнома сурат мегирад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






