Д. Пирназаров: «Барои фурӯши маҳсулоти пастсифат 319 нафар муҷозот шуд»
Душанбе, 19.01.2016. (АМИТ «Ховар»).-«Барои бе сертификат ба фурӯш гузоштани маҳсулоти ғайристандартӣ ва муҳлаташон гузашта нисбат ба 319 шахси масъули субъектҳои хоҷагидор парвандаҳои маъмурӣ кушода шудааст»,- зикр кард Диловар Пирназаров, раҳбари Маркази «Тоҷикстандарт» дар вилояти Хатлон зимни нишасти матбуотӣ.
Роҳбари Маркази «Тоҷикстандарт» дар вилояти Хатлон афзуд, ки аз ҷониби мутахассисони марказ беш аз 8 ҳазор озмоиш (6511 ҳолат ташхиси маҳсулоти хӯрокворӣ, 940 санҷиши маҳсулоти сохтмонӣ, 476 ташхиси маводи сӯхт ва равғанҳои молиданӣ, 74 ҳолат ташхиси нуриҳои минерелӣ ва маҳсулоти кимиёвӣ) гузаронида шудааст. Аз миқдори умумии маҳсулоти мавриди ташхис қарордодашуда дар 346 ҳолат маҳсулот ғайристандартӣ дониста шуд.
Ба гуфтаи Диловар Пирназаров дар соли сипаригардида миқдори воситаҳои ченаки аз санҷиш гузаронидашуда дар «Тоҷикстандарт» зиёда аз 28 ҳазорро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешин 1184 адад зиёд мебошад.
Баҳри иҷрои талаботи «Барномаи давлатии сифат барои солҳои 2013-2015» нисбат ба 15 корхонаи истеҳсолӣ ва хизматрасонии ватанӣ низоми нави идоракунии сифат аз рӯйи стандартҳои байналмиллалӣ (ИСО 14001- 2004 ва ИСО 9001-2008) ҷорӣ шудааст, ки онҳо дорои сертификати менеҷменти сифат гардидаанд.
Ба иттилои масъулони идораи «Тоҷикстандарт» дар давоми соли 2015 34 дастгоҳи радарии кормандони БДА аз ҷониби мутахассисони ин ниҳод мавриди таҳлил қарор гирифта, муайян гардид, ки 7 -тои он дуруст кор намекунад, яъне суръати ҳаракати мошинҳоро дақиқ нишон намедиҳад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






