Дар Баҳри Миёназамин заминҷунбии сахт ба амал омад

Январь 26, 2016 08:37

Душанбе, 26.01.2016.(АМИТ «Ховар»).-Дар Баҳри Миёназамин байни Марокаi ва Испания заминҷунбии сахт ба амал омад. Дар ин бора аз хадамоти геологии ИМА хабар дода шуд, иттилоъ медиҳад Sky News. Бино ба иттилои манбаъ қувваи ҷунбиш 6,6 балро ташкил дода, ҳодиса соати 4:22-и субҳ дар километри 62-юми шимоли шаҳри Ал-Хусеймаи Марокаш дар 164-ум километри ҷанубу шарқи Гибралтар ба амал омадааст.
Тавре ки шабака иттиллоъ медиҳад, чунин заминларза бо қувваи 6,3 балл моҳи феврали соли 2004-ум ҳам дуртар аз шаҳри Ал-Хусейма ба вуқуъ пайваста буд, ки дар натиҷа 631 нафар ба ҳалокат расида буд.

Январь 26, 2016 08:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд