Дар Душанбе намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Покистон доир мешавад
Душанбе, 22.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Дар ҷараёни мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид бо сафири Покистон дар Тоҷикистон Тариқ Иқбол Сумро аҳд шуд, ки моҳи апрели соли 2016 дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи маҳсулоти саноатӣ ва технологияҳои Покистон доир гардида, форуми тоҷирони ҳар ду кишвар роҳандозӣ шавад.
Тавре ки ПСС ҶТ хабар медиҳад, мусоҳибон хоҳиши тарафайнро дар мавриди истифодаи имконоти мавҷуда барои густариши муомилоти молии дуҷониба ва рушди минбаъдаи равобит бо василаи ташкили боздиди тоҷирон аз кишварҳои ҳамдигар, доир намудани конфронсҳо ва намоишгоҳу ярмаркаҳо иброз доштанд.
Раиси ПСС ҶТ бахшҳои тиҷорату бонкҳо, гидроэнергетика, истихроҷи маъдан, нақлиёт ва телекоммуникатсия, соҳаҳои саноат, аз ҷумла мошинсозӣ, металлургияи ранга, саноати сабук ва соҳаҳои коркарди маҳсулотро аз ҷумлаи самтҳои муҳими ҳамкорӣ маънидод кард.
Ҷонибҳо ба масоили ташкили корхонаҳои муштарак, ҳамкорӣ дар бахши саноати дорусозӣ бо истифода аз набототи шифобахши кишвар, сайёҳӣ, истифодаи васеи минтақаҳои озоди иқтисодии «Суғд», «Панҷ», «Данғара» ва «Ишкошим» — и Тоҷикистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






