Дар Хатлон 278 ярмаркаи ҷойҳои корӣ гузаронида шуд

Январь 15, 2016 11:24

Қурғонтеппа, 15.01.2016 (АМИТ «Ховар»). -Соли 2015 дар вилояти Хатлон 278 ярмаркаи ҷойҳои корӣ гузаронида шудааст. Дар ин бора директори генералии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ ва шуғли аҳолии вилояти Хатлон Асламбӣ Дамбегиева ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Бино ба иттилои манбаъ аз ҷониби 2 ҳазору 686 корхонаву ширкат 33 ҳазору 365 ҷойи корӣ пешниҳод шуд. Баъд аз роҳандозии ярмаркаҳо 2363 нафар бо кори доимӣ таъмин гардиданд . Соли гузашта 18 ҳазору 243 нафар чун бекор ба қайд гирифта шудаанд.

Январь 15, 2016 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш