Дар Исфара литсейи № 9 ба истифода дода шуд
Душанбе, 5.01.2016. (АМИТ «Ховар»).-Дар деҳаи Навгилеми шаҳри Исфара бинои филиали литсейи № 9 баъди таъмири куллӣ ба истифода дода шуд.
Дар маросими ба истифодадиҳии бино раиси шаҳри Исфара Зоҳидзода Даврони Абдуқодир, консули генералии Федерасияи Русия дар Хуҷанд Валерий Бондаренко ва сардори дафтари ваколатдори БР СММ дар шаҳри Хуҷанд Мақсуд Орипов ширкат доштанд.
Таъмири бино бо маблағгузории Федератсияи Русия бо харҷи 107 ҳазор сомонӣ дар доираи амалигашти лоиҳаи БР СММ «Беҳтарнамоии сатҳи некӯаҳволии 1 000 000 аҳолии деҳот дар 9 ноҳияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» сурат гирифтаасту корҳои таъмирӣ аз ҷониби ҶДММ «Маскан» анҷом дода шуданд.
Бино аз чор синфхонаи таълимӣ, ду утоқи фаннӣ ва ду ҳуҷра барои маъмурияти мактаб иборат буда, дар он 53 хонанда ба таҳсил ва касбомӯзӣ фаро гирифта мешаванд. Дар маҷмӯъ дар литсейи мазкур 320 нафар таҳсил доранд.
Раиси шаҳри Исфара Зоҳидзода Даврони Абдуқодир оид ба нақши таълиму тарбия дар рушди миллат, ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи вилоят ва шаҳр оид ба мактабу маориф ҳарф зад. Консули генералии ФР дар Хуҷанд В. Бондаренко изҳор дошт, ки дар оянда ба ин муассиса дастрас намудани тарктор ва мошини таълимӣ дар назар дошта шудааст.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






