Дар маҷлиси васеи Ҳукумат ба нақши саноат дар сохтори ММД баҳои баланд дода шуд
Душанбе, 21.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Дар оғози маҷлиси васеи Ҳукумати мамлакат, ки ин лаҳзаҳо таҳти раёсати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷараён дорад, доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2015 ҳисоботи Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода шунида шуд.
Тавре зикр гардид, Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ (ММД) дар соли 2015 6% афзуда, ҳаҷми умумии он ба 48,4 млрд. сомонӣ расид. Ба Буҷети давлатӣ 16,6 млрд. сомонӣ ворид шуд, ки ин ба 100,4% нақшаи даромадҳо баробар аст.
Ба нақши саноат дар сохтори ММД баҳои баланд дода шуд, зеро давоми сол 468 корхонаи нави саноатӣ бо қариб 9 ҳазор ҷойи корӣ ба кор даромадааст.
Содироти нерӯи барқ дар соли 2015 нисбат ба соли 2014-ум 5,5% афзуда, ҳаҷми умумии он ба 1,4 млрд. квт.соат расид.
Соҳаи кишоварзӣ низ яке аз соҳаҳои муҳимтарини иқтисоди миллии Тоҷикистон номида шуд, зеро 70% аҳолии қобили меҳнат дар ҳамин соҳа фаъолият доранд ва таъмини фаровонӣ дар бозори истеъмолӣ ҳам асосан бар дӯши кишоварзони мамлакат аст. Ҳаҷми умумии маҷмуи маҳсулоти кишоварзӣ дар соли 2015 нисбат ба соли 2014 3,2% афзудааст.
Бояд гуфт, ки дар идомаи маҷлис, дар навбати аввал, ҳисоботи роҳбарони вазорату идораҳои бахши иқтисодию молиявӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ шунида мешавад.








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон






