Дар Роғун 6 иншоот ба маблағи 994,5 ҳазор сомонӣ ба истифода дода шуд
Роғун, 27.01.2016. (АМИТ «Ховар») -Соли 2015 дар Роғун аз тарафи бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ 69,9 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид шудааст, ки нисбат ба соли 2014, 39,3 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Нисбат ба лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар ҳудуди шаҳри Роғун ҳоло 10 лоиҳа аз тарафи Барномаи ҷонибдории манотиқи кўҳистон «Фонди Оғохон» бо маблағи 910,0 ҳазор сомонӣ амалӣ шудааст.
Аз ҷониби соҳибкорон 6 иншоот ба маблағи 994,5 ҳазор сомонӣ ба истифода дода шудааст.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар 12 моҳи соли 2015, 40 441,5 ҳазор сомонӣ буда, суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулот нисбат ба соли 2014, 685,2 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.