Дар Сингапур 27 коргари Бангладеш барои дастгирии терроризм ҳабс шуд
Душанбе, 21.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Дар Сингапур 27 нафар коргарони Бангладеш, ки идеологияи исломгароёнро, аз қабили гурӯҳҳои радикалии «Ал — Қоида», ҳамчунин «Давлати исломӣ» дастгирӣ менамуданд, ҳабс шуданд. Дар изҳороти 20 январ интишоркардаи вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ дар ин бора хабар дода мешавад.
Дар баробари ин гуфта мешавад, ки: «баъзеи онҳо шояд ба амалиёти ҳарбӣ дар кишварҳои дигар даст задаанд, вале дар Сингапур ягон ҳамлаи террористиро ба нақша нагирифта буданд». Мувофиқи маълумоти вазорат, маросими дастгирӣ дар давраи аз моҳи ноябр то моҳи декабри соли гузашта сурат гирифта», — 26 нафар ба ватанашон фиристода шуданд. Як нафари дигар дар маҳбаси маҳаллӣ буда, интизори фиристодан ба Бангладеш мебошад.
Мувофиқи маълумоти ВКД, қисми зиёди шахсони ҳабсшуда аъзои гурӯҳи махфии динӣ буда, ба таҳқиқи исломиёни гузаро, масалан, имоми Яман Анвар ал — Авлакӣ, ки моҳи сентябри соли 2011 нобуд карда шуд, машғул буданд.
«Вусъат ёфтани фаъолияти таблиғгарони муътабар, ки ба зӯроварӣ даъват намуда, дар бораи имконнопазирии таҳаммул, роиҷ будани чунин «таълимот» дар интернет, ташвиқи террору қатл даъват менамоянд, тамоюлҳои байналмилалие ба шумор мераванд, ки ба Осиёи Ҷануби Шарқӣ хосанд», — изҳор дошт роҳбари вазорат. «Мақсади асосии ин мутаассибон сарнагун сохтани ҳукумати қонунӣ ва ташкили халифат дар минтақа мебошад», — гуфт роҳбари ВКД.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






