Дар ҷумҳурӣ 694 ярмаркаи ҷойи кор ва вазифаҳои озод гузаронида шуд
Душанбе, 26.01.2016 (АМИТ «Ховар»).- Дар асоси 229 шартномаи тарафайн бо корхонаву ташкилот 5 ҳазору 346 нафар ба корҳои ҷамъиятӣ ва 18 ҳазору 397 нафар аз ҳисоби маблағҳои буҷети барнома дар марказҳои таълими касбии мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба омўзиши касбӣ фаро гирифта шуда, ба 9 ҳазору 839 нафар бинобар аз даст додани ҷойи кор ба муддати то 3 моҳ кумакпулӣ барои бекорӣ пардохт гардид. Дар ин бора зимни нишасти матбуотии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ таъкид гардид.
Бо мақсади мусоидат барои дарёфти ҷойи кори муносиб ба шаҳрвандон аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ин давра 694 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуда, 5091 нафар корҷўй дар ин ярмаркаҳо соҳиби ҷойи кор гардиданд, ба 5147 нафар роҳхат барои касбомўзӣ дода шуд ва 1561 нафар ба иҷрои корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар гардиданд.
Ҳамин тавр, дар соли 2015 иҷрои нишондиҳандаҳои барнома ба андозаи 118,7 фоиз таъмин гардида, маҷмўан ба 183 ҳазору 935 нафар шаҳрванд хизмати иҷтимоӣ расонида шуд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






