Дар ҷумҳурӣ 90 ҳолати фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ба қайд гирифта шуд
Душанбе, 22.01.2016 (АМИТ «Ховар»).-Дар соли 2015 дар ҳудуди ҷумҳурӣ 90 (с.2014-67) ҳолати фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ, ки қариб дар ҳамаи ноҳияҳо ба амал омадаанд, ба қайд гирифта шуданд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ имрӯз, 22 январ раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Абдураҳимов хабар дод.
Бино ба иттилои раиси кумита фаромадани тарма асосан дар ноҳияҳои кӯҳӣ-Ванҷ, Рӯшон, Ишкошим, Шуғнон, Роштқалъа, Айнӣ, Рашт ва Варзоб, сардиҳои сахт дар шаҳру ноҳияҳои шимоли ҷумҳурӣ- Конибодом, Исфара, Ашт, Зафаробод, омадани сел аз ноҳияҳои марказӣ- Ҳисору Рўдакӣ сар карда, то А.Ҷомӣ, Қубодиён, Ҷиликул, Вахш, Хуросон, Восеъ, Ҳамадонӣ, Тоҷикободу Ҷиргатол ва тамоми ноҳияҳои вилояти Бадахшон ба амал омаданд.
«Обхезӣ дар Исфара, Ҷиргатол, Нуробод, Кӯҳистони Масчоҳ, фаромадани ярч дар Файзобод ва фурӯравии замин дар ноҳияи А.Ҷомӣ, инчунин вазидани шамоли сахт дар ноҳияҳои Рашту Ҷиликул, раъду барқ дар Истаравшан, Б.Ғафуров, ноҳияҳои Ашт, Шаҳристон, Рашт Дарвозу Рўдакӣ ва заминларза дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Рашту Балҷувон, Рӯшон, Ишкошим, Роштқалъа, Шуғнон, Дарвоз, Ванҷ ва шаҳри Хоруғ ба қайд гирифта шудааст»,-илова намуд раиси кумита.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






