Даъвати Толибшоҳи Саидзода ба муттаҳидии рӯзноманигорон

Январь 18, 2016 10:38

Душанбе, 18.01.2016. (АМИТ «Ховар»).-Шароити имрӯзаи ҷаҳонӣ хеле нигаронкунанда шудааст, аз ин рӯ рӯзноманигорони тоҷикро мебояд новобаста аз шакли фаъолияташон дар чунин вазъият муттаҳид бошанд. Ин нуктаро Толибшоҳи Саидзода-муовини раиси Анҷумани байналмилалии рӯзноманигорони форсизабон «Афрӯз» 16 январ дар Анҷумани 14-уми Иттифоқи журналистони Тоҷикистон изҳор кард. Номбурда махсусан аз он нигаронӣ кард, ки имрӯз гурӯҳҳои террористиву экстремистиро он нафароне роҳбарӣ ва ҳамроҳӣ мекунанд, ки аз аҳли дин, хусусан мулло мебошанд: «Мулло Шариф дар Бадахшон, мулло Ҳаниф дар Мазор, мулло Ахтар дар Самангон…- моро ҳамин хел тарбия карда буданд, ки мулло бояд дар масҷид бошаду ахлоқи нек биомӯзад, аммо имрӯз, бадбахтона, дар дунё муллоҳо автомат дар сари китф дар кӯҳ мегарданду одамкуширо тарғиб мекунанд»,-таъкид намуд Толибшоҳи Саидзода.
Муовини раиси Анҷумани байналмилалии рӯзноманигорони форсизабон «Афрӯз» дар чунин шароит аз тамоми рӯзноманигорони кишвар даъват кард, ки дар атрофи роҳбари давлат муттаҳид шуда, барои амалишавии ҳадафҳои нопоки гурӯҳҳои террористие, ки ба амнияти кишвар таҳдид мекунанд, монеа эҷод намоянд. «Аз ҳама хоҳиш менамоям, ки даст ба дасти ҳам дода, дар атрофи Роҳбари давлат муттаҳид шуда, ба наҳангҳову қудратҳои бузурги ҷаҳонӣ, ки мехоҳанд моро ба коми сиёҳи худ фурӯ баранд, ягон имконият надиҳем»,-таъкид кард номбурда.
Ёдовар мешавем, дар Анҷумани 14-уми Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар натиҷаи овоздиҳӣ Зинатуллоҳ Исмоилзода раиси Иттифоқи журналистон интихоб шуд.

Январь 18, 2016 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад