Давлаталӣ Шарипов аз олам даргузашт
Қургонтеппа, 26.01.2016 (АМИТ «Ховар»).- Дар шаҳри Қурғонтеппа дар синни 67 собиқ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Шарипов аз олам даргузашт.
Д. Шарипов 11 сентябри соли 1949 дар ноҳияи Вахш таваллуд шудааст. Ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ буда, Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис-гидротехник хатм кардааст. Солҳои тӯлонӣ дар вазифаҳои гуногуни соҳаи сохтмон ва обёрии вилояти Хатлон фаъолият намудааст.
Ҳамзамон ба ҳайси сардори иттиҳодияи истеҳсолии обёрии вилояти Қурғонтеппа (1993-1996) фаъолият намудааст.
Дар солҳои 1996-2001 дар вазифаи раиси вилояти Хатлон ифои вазифа карда буд. Ҳамзамон ҳамчун узви Маҷлиси миллӣ аз ҳавзаи интихоботии № 4-и вилояти Хатлон ва раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ фаъолият карда буд.