Дуздии чорво дар Пахтакор
Душанбе, 06.01.2016. (АМИТ «Ховар»). -Кормандони милитсия дар ҳудуди ноҳияи Ёвон ду ҷинояти дуздии чорвои сокинони ноҳияро ошкор намуданд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ сокини 32-солаи ноҳияи мазкур аз ҷониби кормандони милитсия ҳамчун гумонбар дар дуздӣ дастгир гардид. Муайян карда шуд, ки гумонбаршуда моҳи декабри соли 2015 бо роҳи пинҳонӣ аз чарогоҳи деҳаи Пахтакор 10 сар чорвои хурди шохдор, арзишашон 5000-сомониро, ки ба сокини 42-солаи маҳаллӣ тааллуқ доранд, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ВКД, 4 январ шахсони номаълум аз оғилхонаи сокини 57-солаи ноҳияи Ёвон 3 сар чорвои калони шохдорро, ки арзишашон 6000 сомониро ташкил медиҳад, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар гумонбарӣ ба далели дуздии чорво ду сокини 23 ва 22-солаи ҳамин ноҳия дастгир шуданд. Аз рӯи ҳодисаҳои мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш давом дорад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






