Дуздии моликияти хусусӣ
Душанбе, 23.01.2016 (АМИТ «Ховар»).- Ба ШВКД дар ноҳияи Ҷ. Румӣ хабар расид, ки санаи 27 ба 28-уми декабри соли 2015, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз заминҳои бекорхобидаи деҳаи Қаҳрамони ноҳия 67- сар моли майдаи шохдорро, ки ба марди 50-солаи сокини ноҳияи мазкур тааллуқ дошт, дуздидаанд. Арзиши умумии моли зикргардида бо нархи бозор 35000-сомониро ташкил медиҳад. Зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ санаи 21-уми январи соли равон аз ҷониби кормандони милитсия ҳамчун гумонбар дар ҷинояти дуздӣ шаҳрвандон: сокини 31-солаи ноҳияи Ҷ. Румӣ, сокини 33-солаи ноҳияи Бохтар, ки пеш бо моддаи 244 КҶ ҶТ суд шудааст ва ҳамчунин сокини 35-солаи ш. Қурғонтеппа, ки қаблан бо моддаи 244 КҶ ҶТ суд шудааст, дастгир шуданд.
Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки дар шаҳри Хоруғ шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди мағозаи хусусии зани 50-солаи сокини ин шаҳр шуда, аз он ҷо маҳсулоти хӯрока, ҷамъ ба маблағи 6000-сомониро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия сокини 21-солаи ноҳияи Роштқалъаро бо гумони даст доштан дар ҷинояти мазкур дастгир намуданд.
Нисбати далелҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.