Э. Раҳмон: Қариб 510 километр роҳ таъмиру таҷдид ва 140 пул сохта ва барқарор карда шуд

Январь 20, 2016 12:20

Душанбе, 20.01.2016 (АМИТ «Ховар») .- Дар давоми соли 2016 корҳои сохтмону таҷдиди боз якчанд иншооти нақлиётии муҳим, аз қабили навсозии қисми роҳҳои мошингарди Душанбе — Турсунзода (аз муҷассамаи Ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳр) ба маблағи 480 миллион сомонӣ ва Исфара — Хуҷанд ба маблағи зиёда аз 310 миллион сомонӣ оғоз мегардад. Ин нуктаро имрӯз, 20 январ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд.
Барои ба сатҳи байналмилалӣ мутобиқ гардонидани роҳи мошингарди Душанбе — Кӯлоб — Қалъаихумб — Хоруғ — Кулма имсол оғози таҷдиди ду қисмати душвортарини он, яъне Кӯлоб — Шӯрообод ба масофаи 32 километр ва Шкев — Қалъаихумб ба масофаи 26 километр ба нақша гирифта шудааст, ки маблағи умумии он беш аз 800 миллион сомониро ташкил медиҳад.
«Имрӯзҳо корҳои омодасозии лоиҳа барои оғози таҷдиди роҳи мошингарди Қалъаихумб — Ванҷ ба масофаи қариб 110 километр ва арзиши умумии беш аз 2 миллиард сомонӣ идома доранд. Танҳо дар амалӣ намудани лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи нақлиёт ҳоло зиёда аз 3000 нафар кор мекунанд. Дар давоми соли 2015 дар маҷмӯъ, қариб 510 километр роҳ таъмиру таҷдид ва 140 пул сохта ва барқарор шудааст»,- илова намуд Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон.

Январь 20, 2016 12:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ