Фаъолияти соли 2015-и Кумитаи ҳифзи муҳити зист натиҷагирӣ шуд
Душанбе, 09.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — 8-уми январи соли равон ҷаласаи мушовара оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти соли 2015-и Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазифаҳои навбатӣ барои соли 2016 доир шуд. Дар ҷаласа масъалаҳои муҳокимашаванда мувофиқи муқаррароти ҷорӣ пешниҳод гардиданд.
Дар ҷаласа 3 масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Аз рӯи масъалаи якум раиси кумита Х. Ибодзода маърӯза намуда, фаъолияти кумита ва камбудиҳои ҷойдоштаи соҳавиро дар қаламрави ҷумҳурӣ мавриди таҳлил ва баррасии амиқ қарор дод. Доир ба масъалаи дуюми ҷаласаи мушовара муовини раиси кумита Шамс Назаров сухан гуфта, намояндагони вазорату идораҳои мазкурро даъват намуд, ки дар ҳалли мушкилоти ҷойдошта тадбирҳои зарурӣ андешида, авлавиятҳои ҳифзи муҳити зистро дар мадди назар қарор диҳанд.
Ҳамчунин дар ин масъала намояндагон аз Прокуратураи генералӣ, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ дар ҷаласа ширкат намуда, андешаҳои худро дар бораи ҳамкории муштарак барои иҷрои дастуру супоришҳои ҳукумат ва дигар масъалаҳои ҳалталаб баён доштанд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






