ФБД ба зиёда аз 1 миллион мусофир хизмат расонид

Январь 26, 2016 14:44

Душанбе, 26.01.2016.(АМИТ «Ховар»).- «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» дар соли сипаригардидаи 2015 ба 1 миллиону 135 ҳазор нафар мусофир хизмат расонид, ки аз он беш аз 575 ҳазор мусофири рафта ва наздики 560 ҳазор мусофири омада мебошад»,- гуфт зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон Рустам Холиқзода -директори Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр» ва ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе».
Рустам Холиқзода дар ҷамъи хабарнигорон роҷеъ ба фаъолияти молиявию хоҷагидории ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ва ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» ва дурнамои рушди ин муассисаҳо, ки бо назардошти вазъи бӯҳрони молиявиии ҷаҳонӣ тарҳрезӣ шудааст, гузориш ироа намуд. Мавсуф зикр кард, ки роҳбарияти фурудгоҳ барои коҳиш додани оқибатҳои бӯҳрони молиявӣ тадбирҳои амалӣ андешида, ба нишондиҳандаҳои хуби истеҳсолӣ ноил гардид.
Зикр шуд, ки дар зарфи соли 2015 даромади умумии корхона беш аз 290 миллион сомониро ташкил дод, ки дар қиёс ба соли 2014-ум 9,9% зиёд мебошад. Дар ин давра беш аз 2200 тонна бор ва почта қабул ва интиқол дода шудааст.

Январь 26, 2016 14:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ