Гулмуҳаммад Бедор Тоҷикистонро аз аввалин кишварҳои дӯсту бародари кумакрасон номид

Январь 14, 2016 11:08

Душанбе, 14.01.2016. (АМИТ «Ховар»). -13 январи соли 2016 муовини якуми раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ Рустам Шоҳиён ва муовини раиси кумита Ҷамшед Маҳмадзода бо гурўҳи кории Вазорати мубориза бо ҳаводиси табиии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон вохўрӣ намуданд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти КҲФ МГ, зимни вохўрӣ ҷонибҳо аз масоили табодули иттилооту таҷриба ёдовар гардида, Рустам Шоҳиён аз ҳамкории дуҷониба дар самти фаъолият изҳори назар намуд ва кумаки башардўстонаи Ҳукумати Тоҷикистонро ба аҳолии зарардидаи ҷамоати Обиборики вилояти Бадахшони ин кишвар, ки дар пайи фаромадани ярч дар соли 2014 сурат гирифта буд, нишонаи возеҳи ҳамкорӣ арзёбӣ кард.
Доктор Гулмуҳаммад Бедор, раиси вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон изҳори миннатдории мардуми азияткашидаи ин минтақаро барои расонидани кумакҳо, ки аз 200 тонна маводи зарурӣ иборат буданд, ёдовар шуда, Тоҷикистонро аз зумраи кишварҳои дӯсту бародари кумакрасоне донист, ки аввалин шуда, дасти мадад дароз кард.
Дар интиҳо миёни гурўҳи корӣ мубодилаи афкор барои рушди мақомот сурат гирифт.

Январь 14, 2016 11:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст