Х. Юсуфӣ: Кору ибтикори Пешвои миллат бонувонро ба фардои равшан дилгарм кард

Январь 25, 2016 11:45

Душанбе, 25.01. 2016 (АМИТ «Ховар») .-«Нақши Пешвои миллат дар рушди рисолати бузурги бонувони кишвар, фарзандони истиқлол ҳақиқати бебаҳсест, ки чун оинаи таҷассумгари ин даврони дурахшон аст. Барои исботи ин гуфтаҳо зарур аст, ки танҳо ба воқеияти рӯзгори занони мамлакат дар солҳои 90-ум назар афканем ва онро дар қиёс бо мавқеи кунунии бонувони кишвар дар мизони андеша қазоват кунем». Ин нуктаро имрӯз, 25 январ зимни конфронси ҷумҳуриявии “Нақши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими мавқеи занону модарон дар даврони Истиқлолият» муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Юсуфӣ Хайриниссо ироа намуд.
Тавре ки қаблан иттилоъ дода будем, конфронси ҷумҳуриявӣ дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” имрӯз ба кори худ оғоз кард. Хайриниссо Юсуфӣ таъкид дошт, ки кору ибтикори Пешвои миллат буд, ки бонувон ба фардои равшан дилгарм шуданд. «Маҳз фармони таърихии Сарвари мамлакат аз моҳи декабри соли 1999 «Оид ба баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа» ва дигар амру қарорҳое, ки дар иртибот ба тақвияти нақши бонувон ба тасвиб расидаанд, самту сатҳи зиндагии бонувонро ба куллӣ тағйир дод ва ба онҳо қудрати эҷоду парвоз бахшид»,-илова намуд муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ.
Ҳадафи асосии таваҷҷуҳи роҳбарияти сиёсии кишвар ба таҳкими мавқеи иҷтимоии занон фаъолгардонии қишрест, ки вазифааш тарбияи наслҳост. Истиқлолияти давлатӣ дар ҳаёти занони тоҷик низ таъсири амиқи худро гузошт. Ҳамчун фарзандони ин сарзамин, ҳамчун ободгарони ин марзу буми аҷдодӣ ба раванди созандагӣ фаъолона ворид гаштанд.
Лозим ба ёдоварист, ки яке аз иқдомҳои наҷиби Пешвои миллат ин эълон шудани соли 2015 Соли оила буд, ки тадбирҳои дар доираи ин сол андешидашуда барои баланд бардоштани мавқеъ ва нақши оила дар ҷомеа ва пойдории ин ниҳоди муҳим мусоидати комил хоҳад намуд.
Дар кори конфронс масъалаҳои «Сарвари давлат пуштибони занон», «Бонувони Тоҷикистон»-минбари озоди занони тоҷик», «Конститутсия кафили баробарҳуқуқии занону мардон» маърӯзаҳо шунида хоҳанд шуд.

Январь 25, 2016 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад