Хатлон: Барандагони ҷоизаҳои адабӣ маълум гардиданд

Январь 4, 2016 11:43

Душанбе, 4.01.2016. (АМИТ «Ховар»).-Дар ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои заҳмати меҳнаткашони вилояти Хатлон дар соли 2015, ки дар толори Кохи ба номи Лоҳутии шаҳри Қурғонтеппа барпо гардид, барандагони ҷоизаҳои адабии ба номи Шамсиддин Шоҳин ва Носири Хусрав низ эълон гардиданд. Барои хизматҳои шоён, дастовардҳои эҷодӣ ва ташвиқу тарғиби адабиёт адибони хушкалом Зариф Ибод ва Амиршоҳи Хатлонӣ барандагони ин ҷоизаҳо эълон шуда, ҳар кадом бо мукофоти пулӣ-5 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ шуданд.

Январь 4, 2016 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш