Хизматчиёни давлатӣ дар мақомоти гуногуни давлатӣ саҳми арзанда мегузоранд
Душанбе, 7.12.2015. (АМИТ «Ховар»).- «Сатҳу сифати идоракунии давлатӣ ба донишу таҷриба, маҳорату малака, масъулиятшиносиву ташаббускорӣ ва сифатҳои касбиву кордонии хизматчиёни давлатӣ вобаста аст».
Эмомалӣ Раҳмон
Соли ҷорӣ дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими оғози таҳсили магистратураи соли таҳсили 2016 баргузор гардид. Дар чорабинӣ ректори донишкада Лутфия Абдулхолиқзода, директори Агентии хизмати давлатӣ Ҷумъахон Давлатов, намояндаи бахши мушовири давлатӣ оид ба сиёсати кадрҳо Меҳринисо Ғуломшоева, намояндаи Вазорати маориф ва илм Носирҷон Буриев, намояндаи Бунёди Ҳаннс Зайдел дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршедаи Ҳомид иштирок намуданд.
Ректори донишкада аз татбиқи сиёсати давлат ва ҳукумати кишвар оид ба дастгирии пайвастаи хизматчиёни давлатӣ ва такмили ихтисоси онҳо суханронӣ намуда, ба магистрантон муваффақияту комёбиҳо таманно намуд.
Директори Агентии хизмати давлатӣ иброз намуд, ки боиси хушнудист, ки хизматчиёни давлатӣ дар давоми як соли таҳсил донишҳои касбии худро сайқал дода, барои пешбурди фаъолияти соҳаи хизмати давлатӣ дар мақомоти гуногуни давлатӣ саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар асоси Созишнома оид ба ҳамкорӣ бо Бунёди Ҳаннс Зайдел, ки 15 майи соли 2009 дар шаҳри Мюнхени Ҷумҳурии Федеролии Олмон ба имзо расид, моҳҳои сентябр-октябри ҳамон сол маъракаи қабули шунавандагон ба магистратура гузаронида шуд.
Магистратураи Донишкадаи идоракунии давлатӣ аз соли 2009 инҷониб бо дастгирии Бунёди Ҳаннс Зайдели Олмон фаъолияташро дар омода намудани мутахассисони соҳибкасби соҳаи идоракунии давлатӣ равона сохтааст ва ба хатмкунандагони он унвони дараҷаи магистрӣ аз рӯи ихтисоси Идоракунии давлатӣ дода мешавад.
Дар давоми соли фаъолият магистратураро 429 нафар хизматчии давлатӣ хатм намуданд, ки аз ин шумора 185 нафар аз мақомоти марказӣ ва 244 нафар аз мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мебошанд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






