ХМ: Пеш аз сафар маълумоти заруриро дастрас намоед
Душанбе, 12.01.2016. (АМИТ «Ховар»). -Бо фарорасии фасли баҳор садҳо шаҳрвандони мамлакат барои кор дар минтақаҳои гуногуни Федератсияи Русия омадагӣ мебинанд. Хадамоти муҳоҷират ба ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ меравад, тавсия медиҳад, ки пеш аз сафар ба Русия ба сохторҳои Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намояд.
Кормандони Раёсати муҳоҷирати меҳнатии Хадамоти муҳоҷират ҳамарўза корҳои фаҳмондадиҳӣ ва иттилоотиро дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ тақвият бахшида, омодаанд ба шаҳрвандон дар ин самт кумак расонанд.
Дар соли 2015 ба Раёсати муҳоҷирати меҳнатӣ 112 ҳазору 183 шаҳрванд оид ба тағйиру иловаҳо дар қонунгузории муҳоҷирати Федератсияи Русия муроҷиат намудааст.
Дар айни замон дар Хадамоти муҳоҷират рўйхати шаҳрвандоне, ки воридшавии онҳо ба Федератсия Русия манъ шудааст, то 30 ноябри соли 2015 мавҷуд мебошад. Аз ин лиҳоз, Раёсати муҳоҷирати меҳнатии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ ба диққати шаҳрвандони ҷумҳурӣ мерасонад, ки пеш аз сафар ба Федератсияи Русия ҳатман ба Хадамоти муҳоҷират муроҷиат намуда, маълумоти заруриро дастрас намоянд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






