Хуҷанд: Ҷамъбасти озмунҳои «Омӯзгори соли Тоҷикистон» ва «Мураббии сол»
Хуҷанд, 27.01.2016 (АМИТ «Ховар»).- Дар даври ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори соли Тоҷикистон» омӯзгори фанни математикаи литсейи Донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд Зебо Аминова ба дарёфти ҷойи дуюм мушарраф шуд.
Чуноне аз Раёсати маорифи вилояти Суғд хабар доданд, ҳамзамон мураббии кӯдакистони № 9-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Садоқат Атоева дар озмуни ҷумҳуриявии “Мураббии сол” ғолиби озмун гардид.