Хуҷанд: Фаъолияти 157 корхонаву коргоҳи нав бо 2566 ҷойҳои нави корӣ
Хуҷанд, 16.01.2016. (АМИТ «Ховар»).- Ба иттилои раиси вилояти Суғд дар самти ба кор андозии коргоҳҳои хурду миёна дар миқёси вилоят соли 2015 — 157 корхонаву коргоҳи нав бо 2566 ҷойи корӣ ба фаъолият шурўъ намуданд, ки онҳо асосан корхонаҳои соҳаи саноати истеҳсолӣ, масолеҳи сохтмон, хўрокворӣ ва масолеҳи сабукро дар бар гирифта, барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ва воридотивазкунанда мусоидат намуданд.
Дар ин раванд ба таъсири манфии омилҳои беруна нигоҳ накарда, дар давоми соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 4,2 млрд. сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 118,8 фоиз таъмин гардид.
Вобаста ба нақшаи даромад ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот А.Қодирӣ илова намуд, ки дар соли 2015 қисми даромади буҷети вилоят ба андозаи 103,1% таъмин гардид.








«Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2026–2030» 31,2 фоиз иҷро гардид
Дар Тоҷикистон 7136 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин бартараф карда шуд
Ҳамкории БАТР бо Тоҷикистон дар соҳаи энергетика тақвият меёбад
Дар Нозироти андози шаҳри Ваҳдат 804 субъекти хоҷагидори амалкунанда сабти ном шудааст
Дар Душанбе Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал баргузор шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст
Дар шаҳри Норак Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии «Ганҷинаи хатлон» баргузор гардид
Мутахассисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва амнияти рақамӣ баррасӣ шуданд






