Хуҷанд: “Фестивали лола” дар арафаи ҷашни Наврӯз

Январь 26, 2016 12:02

Хуҷанд, 26.01.2016.(АМИТ “Ховар”).-Соли равон дар рӯзҳои ҷашнгирии иди Наврӯз дар шаҳри Хуҷанд баргузории “Фестивали лола” пешбинӣ шудааст. Вобаста ба ин дирӯз зимни баргузории ҷаласаи корӣ дар мақомоти шаҳри Хуҷанд раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода зикр намуд, ки дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи сохторҳои мақомоти шаҳрӣ, новобаста аз шакли моликият бояд нақшаи кории мушаххаси худро дошта бошанд. Ҳамзамон аз масъулини нозироти андоз, шуъбаи савдо ва иқтисод, бахши сармоягузорӣ даъват шуд, то барои дастгирии соҳибкорон ва соҳибкорӣ дар самти таъсиси коргоҳу корхонаҳо ва ташкили ҷойҳои корӣ бо сохторхои марбута робитаи доимиро ба роҳ монда, инчунин таҳлили доимии асосноки дурнаморо дошта бошанд. Дар чаласа инчунин оид ба натиҷагирии соли гузашта мутобиқ ба нақшаҳои корӣ дар соли 2016 ба масъулин ва роҳбарони бахшу шуъбаҳои мухталиф низ дастуру супоришҳо дода шуданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҳозиринро даъват намуд, ки барои сазовор пешвоз гирифтани 25 солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузор бошанд.
Ҳоло аз ҷониби кормандони идораи ободонии шаҳр шинонидани пиезакҳои гули лола оғоз гардида, дар умум дар доираи баргузории фестивали мазкур дар миқёси шаҳр шинонидани наздик ба 1 млн. лола дар назар аст.

Январь 26, 2016 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Соҳибкори маҳаллӣ дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон бунгоҳи тиббӣ бунёд кард
Дар Бадахшон шумораи марказҳои рушди барвақтии кӯдакон меафзояд
Дар Фестивал-озмуни телевизионии «Бӯстон-2017» дар Тоҷикобод фарҳанги миллии либоспӯшӣ намоиш дода шуд
Ноҳияи Ш. Шоҳин: убури ғайриқонунии сарҳад пешгирӣ мешавад
Ярмаркаи либоси мактабӣ ва тақдими либоси ройгон ба хонандагони ятим
Шариф Назарзода: «Маданияти шаҳрдорӣ» дар Суғд ба камшавии шумораи ҷиноятҳо мусоидат намуд
Сангвор: ба 203 нафар сокинон барои рушди соҳибкорӣ қарзҳои имтиёзноку дарозмуддат дода шудаанд
Хатлон: истеҳсоли маҳсулот дар ҳачми 2,6 млрд. сомонӣ
Қабули қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Бӯстон натиҷагирӣ карда шуд
Дуздии 2 ҳазор доллари амрикоӣ аз ҷониби ноболиғони 17- сола
«Фардои Ватан ва ояндаи миллатро бо дасти худ бисозем»-бардошт аз мулоқоти раиси вилояти Хатлон бо ҷавонон
Семинари омӯзишӣ оид ба «Таъмини дастрасии биноҳо ва иншоот барои шахсони имконияташон маҳдуд»