Хуҷанд: Нахустин меҳмонхонаи панҷситорадор ва мактабҳои пешқадами инноватсионӣ бунёд мегардад
Душанбе, 22.01.2016. (АМИТ «Ховар») -Бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонии иншооти дар шаҳр бунёдшаванда раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода аз чанд мавзеи сохтмонӣ дидан намуд.
Раиси шаҳр нахуст бо корҳо дар иншооти сохтмонии бинои «Мактаби хусусии Пӯлотов», ки сохтмони он аз моҳи майи соли 2015 шуруъ шуда, барои 640 хонанда пешбинӣ ва бо маблағи 12 миллион сомонӣ бунёд мегардад, шинос шуд. Мактаб дорои синфхонаҳои барҳаво, ҳавзи шиноварӣ, китобхонаи электронӣ, майдончаи варзишӣ, ошхона бо 300 ҷойи нишаст, маркази ягонаи алоҳидаи гармидиҳӣ ва равшании худ аст ва он яке аз мактабҳои пешқадами инноватсионӣ хоҳад буд. Муассисон тасмим доранд, хонандагонро дар як рӯз ду маротиба бо хӯроки гарм таъмин намоянд. Дар шафати мактаби мазкур сохтмони боғчаи бачагона ва бунёди муассисаи таълимии олӣ низ ба нақша гирифта шуда, мувофиқи нақшаи дурнамои муассисон ташкили маҷмаи таълимию маърифатӣ бо фарогирии таълиму тарбия аз боғча то таълимгоҳи олӣ дар назар дошта шудааст.
Баъдан раиси шаҳри Хуҷанд бо вазъи сохтмони меҳмонхонаи панҷситорадори «Парламент», ки дар соҳили рости дарёи Сир бунёд мегардад, шинос гардид.
Меҳмонхонаи мазкур бо риояи талаботи имрӯзаи сохтмонӣ ва меъморӣ сохта шуда, аз маҷмаи фароғатӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, обутоби бадан, маркази савдо, 28 ҳуҷра ва 52 кат иборат буда, баъди мавриди истифода қарор гирифтани он 35 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд. Корҳои сохтмониро Ширкати «Қандинвестсохт» ба уҳда дошта, ин нахустин меҳмонхонаи панҷситорадор дар вилояти Суғд хоҳад буд. Раҷаббой Аҳмадзода аз корҳои сохтмонии то имрӯз ба анҷомрасида изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид дошт, ки барои мувофиқат ба талаботу меъёрҳои чунин меҳмонхона сифати хизматрасонӣ бояд намунаи ибрат бошад.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






