Ифтитоҳи боз як маркази омӯзишӣ-истеҳсолии дӯзандагӣ дар Душанбе
Душанбе, 07.01.2016. (АМИТ «Ховар»).- Фардо, 8 январи соли равон дар бинои Маркази хизматрасонии «София»-и ноҳияи Сино маркази омӯзишӣ-истеҳсолии дӯзандагӣ барои занону духтарон ифтитоҳ мегардад. Бояд гуфт, ки марказ бо иқдоми Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Сафоратхонаи Ҷумҳурии Мардумии Чин ба истифода дода мешавад. Бино ба гуфтаи Абдураҳмон Хонов, роҳбари дастгоҳи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳадаф аз таъсиси чунин марказҳо он аст, ки бонувон ҳунари дӯзандагиро аз худ намоянд ва имконияти ба ҷойи кор таъмин намудани онҳо бештар гардад.
Дар кушодашавии чорабинии мазкур дар назар аст, ки муовини раиси ҲХДТ Раъно Бобоҷониён, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Махфират Хидирзода, сафири Ҷумҳурии мардумии Чин Юе Бин ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ш. Душанбе Ҷамшед Саидов суханронӣ намоянд.
Бояд зикр намуд, ки ин 5-умин маркази дӯзандагие мебошад, ки аз ҷониби Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва сафоратхонаи Ҷумҳурии Мардумии Чин таъсис дода шудааст. Ёдовар мешавем, ки дар марказҳои мазкур то имрӯз зиёда аз 300 нафар занону духтарон касби дӯзандагиро аз худ намуда, дар ҳоли ҳозир наздики 100 нафари дигар барои омӯзиш дар маркази мазкур фаро гирифта шудаанд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






