Ифтитоҳи Маркази ҷумҳуриявии тиббию генетикӣ дар Душанбе

Январь 15, 2016 11:33

Душанбе, 15.01.2016. (АМИТ «Ховар»). -Дар Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2015 ба Маҷлиси Олии кишвар махсус зикр гардид, ки “Дар миёни ҷавонон ҳолати никоҳи хешовандони наздик низ зиёд шуда, боиси таваллуди кӯдакони маъюб гардида истодааст”.
Имрӯз дар қаламрави кишвар қариб 13 ҳазор нафар кӯдакону наврасони маъюби то 18 — сола аз ҷониби давлат нигоҳубин мешаванд.
Бештари ин кӯдакон маъюби модарзод буда, аз никоҳи хешовандӣ, инчунин аз волидайни гирифтори нашъамандӣ ба дунё омадаанд.
Яке аз сабаҳои пош хӯрдани оилаҳо дар он аст, ки бисёре аз падару модарон фарзандонро бе муоинаи пешакии тиббӣ хонадор карда, вазъи саломатии онҳоро ба эътибор намегиранд.
Аз ин рӯ, вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, адлия, кумитаҳои кор бо занон ва оила, оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ вазифадор шуда буданд, ки масъалаи муоинаи ҳатмии пешакии тиббии издивоҷкунандагон ва пешгирӣ намудани никоҳи байни хешовандони наздикро ҳаматарафа омӯхта, ба Ҳукумат таклиф пешниҳод намоянд.
Бо мақсади амалӣ намудани ин дастуру супориш ва татбиқ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 январ бо иштироки вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Салимзода Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии тиббию генетикӣ” ба фаъолият шурӯъ кард. Ҳадафи асосии таъсиси марказ рушди соҳаи тиббию генетикӣ дар кишвар, дуруст истифода бурдани захираҳои моддӣ, таъмини кумаки тиббию генетикӣ, аз ҷумла машваратдиҳии тиббию генетикӣ, скрининги неонаталии баъзе бемориҳои ирсӣ, ташхиси то таваллудии бемориҳои ирсӣ бо истифода аз усулҳои муосир, паст намудани сатҳи фавти кӯдакони то 1 сола ва пешгирии маъюбшавии кӯдакон аст.
Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии тиббию генетикӣ» (МҶТГ) муассисаи махсусгардонидашудаи кумаки тиббӣ ба аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои таъмини чорабиниҳои ошкоркунӣ, пешгирӣ ва муолиҷаи бемориҳои ирсию модарзодӣ, паст намудани бемориҳои кӯдаконаи бо онҳо асоснокшуда, фавт ва маъюбшавӣ пешбинӣ шудааст.
Намуди асосии фаъолияти МҶТГ пешгирии иллатҳои модарзодию ирсӣ бо роҳи ташкил намудан ва гузаронидани машваратдиҳии тиббию генетикии ретро ва проспективӣ, ташхиси пренаталӣ, ташхиси қаблии клиникии навзодони гирифтори бемориҳои ирсӣ, барои муолиҷа фиристодани беморон ва назорати диспансерии оилаҳои мубталои иллатҳои ирсӣ мебошад.
МҶТГ ҳамчун қисми таркибии низоми муассисаҳои муолиҷавию пешгирикунандаи тандурустии амалӣ фаъолият намуда, чорабиниҳои худро дар ҳамоҳангӣ бо муассисаҳои акушерӣ, педиатрӣ ва дигар муассисаҳо ба роҳ мемонад.
МҶТГ зинаҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ, минтақавӣ (вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ)-ро фаро гирифта, расонидани кумаки махсусгардондашудаи тиббиро ба ҷойи зисти доираи вобасташудаи аҳолӣ ба қадри имкон наздик мекунад.
Маркази мазкур вазифаҳои пурмасъули зиёдеро ба уҳда дорад.
Вазифаи зинаи ноҳиявӣ (шаҳрӣ) — ҳуҷраҳои минтақавӣ аз ошкор намудани оилаҳои мубталои иллатҳои вазниншудаи ирсӣ ва дигар иллатҳо, бақайдгирии онҳо ва фиристодан ба Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии тиббию генетикӣ», назорати диспансерии шахсони бо иллатҳои мазкур ошкоршуда, паҳн намудани донишҳои тиббию генетикӣ дар байни табибон, кормандони миёнаи тиббӣ ва аҳолии ноҳия иборат мебошад.
Дар марказҳои вилоятӣ ҳамчун муассисаи мустақил ё дар таркиби марказҳои саломатӣ машваратдиҳии тиббию генетикӣ (МТГ) ташкил мешавад, ки дар асоси маъмурӣ ё функсионалӣ ҳамаи мутахассисон-генетикҳои муассисаҳои дигарро муттаҳид менамояд.
Машваратдиҳии тиббию генетикии оилаҳо ва беморони мубталои иллатҳои ирсӣ ва модарзодӣ бо истифодаи таҳлили генеалогӣ, усули синдромологӣ, усулҳои ситогенетикии тадқиқот ҳангоми аниқ намудани ташхис ба роҳ монда мешаванд.
Ҳамчунин скрининги пренаталии ҳомиладорон оид ба паҳншавии бемориҳои хромосомӣ ва нуқсонҳои модарзодии инкишофи системаи асаб дар асоси тадқиқоти ултрасадоӣ ва баҳодиҳии нишонаҳои зардобии модарӣ, инчунин ташхиси пренаталию ситогенетикии бемориҳои хромосомӣ дар гурўҳи хатар гузаронида мешавад.
Инчунин ташхиси пренаталии бемориҳои паҳншудаи ирсию модарзодӣ дар асоси скрининги 2-марҳилагии ултрасадоӣ (марҳилаи I — умумиакушерӣ, марҳилаи II -тасдиқкунандаи ултрасадо дар Маркази ҷумҳуриявии тиббию генетикӣ), инчунин ташхиси пренаталию ситогенетикии бемориҳои хромосомӣ дар гурўҳи синнусолии хатар (занони 39 сола ва калонтар), скрининги селективии оилаҳо ва беморон оид ба бемориҳои ирсии мубодила ба роҳ монда шудааст.
Оилаҳо ва беморони гирифтори иллатҳои мураккаб дар минтақаи зист ба қайд гирифта шуда, ба МҶТГ барои аниқ намудани ташхис ва машваратдиҳии генетикӣ фиристода мешаванд.
Марказ бо навтарин дастгоҳҳои замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, мутахассисони он дар Ҷумҳурии исломии Эрон ва Ҷумҳурии Молдова давраи омӯзиширо гузаштаанд.
Бо дастрасӣ ба таҷҳизоти муосир аз ин пас масъалаҳои мубраму баҳсбарангези муайян намудани падарӣ (ташхиси ДНК), безурётии мардон, муайян намудани маъюбии тифли оянда дар давраи аввали ҳомиладорӣ ва бисёр нуқсонҳои дигарро дар дохили кишвар метавон муайян кард.

Январь 15, 2016 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Кӯдакону наврасони деҳаи Зугванди ноҳияи Ишкошим дар истироҳатгоҳи «Шабдез»-и ноҳияи Роштқалъа қарор доранд
«Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ»-и Тоҷикистон дар озмуни байналмилалӣ сазовори ҷойи сеюм гардиданд
Ситораҳои футбол ва шоу-бизнес ба «МегаФон Football Day» омодагӣ мебинанд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Хоруғ барномаҳои ҳарбӣ-ватандӯстона гузаронида шуданд
Дар шимоли Эфиопия бар асари ярч 10 нафар ҳалок гардид
Дар Минск ҷаласаи Шурои намояндагони доимии давлатҳои ИДМ баргузор мешавад
Дар доираи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ 4300 нафар бекор ба кори ҷамъиятӣ фаро гирифта шуд
Дар Иди тарбуз, харбуза ва каду кишоварзони пешқадам қадрдонӣ гардиданд
Муроҷиат ҳамчун туҳфа: ба муштариёни суғдӣ барои фаъолнокӣ арзи сипос карда шуд
Дар Ҷумҳурии Конго беш аз 20 ҳолати сирояти бемории обилаи маймун ошкор гардидааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад