ИМА аз рӯи қазияи Сурия бо Русия мувофиқа карданист
Душанбе, 20.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — ИМА мехоҳад, ки дар арафаи даври нави гуфтушунид миёни ҳукуматдорони Сурия ва мухолифин ҳамаи ихтилофотро бо Русия ҳал намояд. Дар ин бора РИА Новости хабар медиҳад, изҳор дошт рӯзи сешанбеи 19 январ намояндаи расмии Департаменти давлатӣ Ҷон Кирби.
Намояндаи Департаменти давлатӣ ҳамчунин изҳори бовар намуд, ки Русия метавонад барои ба сари мизи гуфтушунид бо мухолифин шинонидани ҳукуматдорони Сурия ба онҳо таъсир расонад. Мавсуф дар баробари ин изҳор дошт, ки мулоқот 25 январ дар Женева баргузор мешавад.
Қаблан, 19 январ, намояндаи доимии Русия дар СММ Виталий Чуркин тасдиқ намуд, ки роҳбари ВКХ ФР Сергей Лавров ва котиби давлатии ИМА Ҷон Керри 20 январ бахшида ба қазияи Сурия мулоқот анҷом медиҳанд. «Умедворанд, ки ин мулоқоти навбатии Русияю Амрико дар сатҳи сиёсӣ боз як қадами нав гардида, имкон медиҳад, ки ин нақша то оғози гуфтушунид 25 январ дар амал татбиқ шавад», — гуфт Чуркин.
Вазири корҳои хориҷии Сурия Валид Муаллем моҳи декабр гуфта буд, ки Димишқ ба иштирок дар гуфтушуниди байнисуриягӣ дар Женева бидуни ягон дахолати хориҷӣ омодааст. Вай изҳор дошт, ки Димишқ мехост пеш аз оғози мулоқот байни қувваҳои мухталифи сиёсии Сурия рӯйхати гурӯҳҳои мухолифинро гирад ва мутмаин боша д, ки террористон дар он иштирок нахоҳанд кард.
18 декабр Шӯрои Амнияти СММ дар Ню — Йорк қатънома барои дастгирии раванди сиёсии Сурияро қабул намуд. Ҳуҷҷати мазкур, аз ҷумла, дабири кулли СММ Пан Ги Мунро даъват менамояд, ки дар заминаи баёнияи Женева, ҳамчунин қарорҳои Гурӯҳи байналмилалии дастгирии Сурия (ГБДС) бо иштироки ҷонибҳои ихтилофоти Сурия фавран гуфтушунидро ташкил намояд, ки роҳандозии он ба ибтидои моҳи январи соли 2016 пешбинӣ шудааст.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






