Исфара: Паёми имсола-инъикосгари дурнамои ояндаи кишвар
Душанбе, 25.01.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар шаҳру деҳоти Исфара Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдат-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гарм истиқбол намуданд.
Дар ин радиф дар тамоми корхонаву ташкилот, муассисаву хоҷагиҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ хоҳишмандон тавонистанд намоиши мустақими телевизиониро аз ҷаласаи якҷояи ММ ва МН Маҷлиси Олии ҶТ тамошо кунанд. Барои мардум фаҳмидани сиёсати дохиливу хориҷии Ҳукумати ҶТ дар шароити болоравии хавфу хатарҳои терроризму экстремизм, мураккабшавии сиёсати байналхалқӣ, бархурди манфиати абарқудратҳо дар самти азнавтақсимкунии дунё ва бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ басо муҳим буд.
Бо вуҷуди мушкилоте, ки аксаран таҳти таъсири омилҳои беруна пеш омадаанд, то ба ҳадди назаррас афзун намудани ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва пасандозҳо дар бонкҳо, кам карда шудани сатҳи камбизоатӣ, коҳиши дараҷаи вафоти модару кӯдак ва нисбатан дарозшавии умри шаҳрвандон дар Тоҷикистон далели раднопазири он аст, ки Ҳукумати ҶТ дар соли сипаригардида сиёсати дурустро пиёда намуд.
Тасмимҳои Сарвари давлат дар самти болобарии сатҳи рушди иқтисодиёту иҷтимоиёт, теъдоди корхонаҳои истеҳсолӣ, ҷойҳои нави корӣ, афзун намудани маошу нафақаҳо нишон медиҳанд, ки давлати Тоҷикистон дар муқобили бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ низ барномаи рушди мукаммалу мушаххас дорад ва амалигардонии он танҳо дар фазои сулҳу салоҳ, дарки амиқи масъулияти шаҳрвандӣ ва меҳнати софдилона баҳри шукуфоии Ватан имконпазир аст.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






