Исфара: Вусъати корҳои сохтмонӣ дар шаҳраки Мохпарӣ
Душанбе, 28.01.2016. (АМИТ «Ховар») — Дар шаҳраки нави аҳолинишини мавзеи Моҳпарии шаҳри Исфара корҳои сохтмонӣ вусъат меёбанд.Тибқи иттилои Абдумубин Фаттоев, сармеъмори шаҳр бунёди тамоми инфрасохтори шаҳрак дар ояндаи наздик дар назар дошта шудааст. Масъулин ба корҳои сохтмонии ду мактаб барои 1150 хонанда, маркази саломатӣ барои қабули 100 бемор дар як баст, қасри фарханг бо 500 ҷойи нишаст, 6 кӯдакистон ва марказҳои хизматрасониву савдо оғоз намуда, кашидани хатти оби нӯшокӣ ба шаҳрак ва сохтмони ошёнаи якуми яке аз дабистонҳо ба анҷом расидааст.
Корҳо дар самти кашидани хатти оби нӯшокӣ дар дохили маҳалла идома доранд. Абдухаллоқ Абдусатторов, сарвари муассисаи назорати давлатии роҳҳои мошингарди шахри Исфара хабар дод, ки дар шаҳраки Моҳпарӣ то имрӯз зиёда аз 18 километр роҳҳо тахту ҳамвор ва 2,2 километр роҳи асосии шаҳрак пурра мумфарш шудаанд. Аввали моҳи январи соли равон раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ зимни сафари корӣ дар шаҳри Исфара бо корҳои сохтмонӣ дар шаҳраки Моҳпарӣ шинос шуда, зикр намуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои маблағгузории инфрасохторҳои зарурӣ — шабакаҳои обу барқрасон ва бунёди роҳҳои ин шаҳрак дар нимсолаи дуюми соли 2016 омодагӣ дорад.