Истеҳсоли 2746 метр матои адраси дастӣ дар ноҳияи Б. Ғафуров
Б.Ғафуров, 16.01.2016 (АМИТ «Ховар» ).-Баҳри ривоҷи ҳунарҳои мардумӣ ва санъати қадимаи атласу адрасбофӣ то ин муддат дар 12 ҷамоати деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров марказҳои таълимӣ-истеҳсолии адрасу атласбофии дастӣ таъсис шудаанд.
Дар марказҳо 56 устод ба 114 шогирд аз ҳисоби занону духтарони хонашин ҳунари аҷдодӣ омўзонда, 2746 метр матои адраси дастӣ истеҳсол намуданд.
Ҳамзамон дар ҷамоатҳои деҳоти Исфисор ва Хистеварз омўзиши қолинҳои дастии афғонӣ ба роҳ монда шуда, ҳунармандон аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба 20 нафар занону духтарон ҳунари қолинбофии дастии афғониро омўзонданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






