КМТ: 11 ҳазору 156 нафар рӯзномаву маҷалла мутолиа кардаанд
Душанбе, 16.01.2016. (АМИТ «Ховар»).- Соли 2015 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон 11 ҳазору 156 нафар аз шуъбаи матбуоти даврӣ рӯзномаву маҷалла мутолиа кардаанд. Ин дар муқоиса ба соли 2014 4489 нафар зиёдтар аст.
Ба хонандагон 42 ҳазору 669 рўзномаву 11 ҳазору 940 маҷалла пешниҳод шуда, бо дархости худи онҳо ба Шуъбаи абанементи байни китобхонаҳо 1541 номгўй маҷалла пешниҳод шудааст.
Барои таъмини талаботи рўзмарраи хонандагон ҳар ҳафта 47 номгўй рўзнома бо забони давлатӣ, 19 номгўй маҷаллаҳои дохилӣ, 6 номгўй рўзнома бо забони русӣ ва 55 номгўй маҷаллаи хориҷӣ қабул гардида, бо рақамгузории махсуси бибилиографӣ ба фонди шуъба ворид шуд, ки дар маҷмўъ 12 ҳазору 363 нусхаро ташкил медиҳад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






