Коҳиши шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ дар Суғд
Хуҷанд. 21.01. 2015. (АМИТ “Ховар”).- Дар вилояти Суғд соли гузашта назар ба соли 2014 — шумораи муҳоҷирон беш аз 20 ҳазор нафар кам шудааст. Тавре ки ба хабарнигори АМИТ “Ховар” аз Раёсати Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ дар вилояти Суғд иттилоъ доданд, дар соли 2015 шумораи муҳочирон ба 21 760 нафар коҳиш ёфта, дар маҷмӯъ дар ду соли охир теъдоди муҳоҷирони меҳнатӣ ба 72,6 ҳазор нафар кам гардид. Ба гуфти манбаъ, яке аз омилҳои камшавии сафаркунии муҳоҷирон- ин аз як тараф манъи воридшавӣ ба қаламрави Русия бошад, сабабҳои дигар- ин гирифтани замин ва ташкили хоҷагии деҳқонӣ, ҷалби чанде аз онҳо ба корҳои сохтмонӣ ба шаҳраки Сайҳун ва эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва инчунин фарогирӣ ба касбомӯзиву забономӯзӣ мебошад.
Аз ҷумла, тибқи маълумоте, ки зимни чорабинии пурсиши хона ба хона гирифта шуд, наздик 25 ҳазор нафар бо ҷои кор, 6036 нафар бо қитъаи замин, 4544 нафар бо қарзи бонки таъмин гардида, 6241 нафар ба касбу забономӯзӣ фаро гирифта шуданд.
Дар умум дар давоми соли 2015 аз вилояти Суғд ба муҳоҷирати меҳнатӣ 133 ҳазору 155 нафар, аз онҳо 20 ҳазору 199 зан рафтааст.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






