Конфронс: “Нақши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими мавқеи занону модарон дар даврони Истиқлолият”
Душанбе, 22.01.2016 (АМИТ «Ховар»).- 25 январ дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” конфронси ҷумҳуриявии “Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими мавқеи занону модарон дар даврони Истиқлолият” баргузор мегардад.
Дар назар аст, ки дар конфронс муовини Сарвазири ҶТ Марҳабо Ҷабборӣ, муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Юсуфӣ Хайриниссо, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Махфират Хидирзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳот Гавҳар Шарофзода ва дигар занони фаъол ширкат ва маърӯза хоҳанд хонд.
Дар конфронс маърӯзаҳо таҳти унвони “Занон нигоҳдорандаи забони модарӣ”, “Нақши Пешвои миллат дар таҳкими мавқеи занон”, “Сарвари давлат пуштибони занон”, “Никоҳҳои хешутаборӣ: пайомадҳо ва таъсири он ба солимии ҷомеа” шунида мешаванд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






